01:34 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ: таваррум дар Тоҷикистон ба 6,1 % баробар шуд

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
22 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти дар бораи таваррумро тайи даҳ моҳи соли равон ба нашр расонд.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Радиф Тоҷикистон. Таваррум дар даҳ моҳи соли 2014 ба 6, 1 % расид, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Моҳи октябр таваррум 0,4 дарсадро ташкил дода, он аз нишондоди як моҳи қабл 0,2 фоиз бештар аст. Дар ҳамин давраи соли 2013 дар Тоҷикистон сатҳи таваррум 3,1 % —ро ташкил медод, дар маҷмӯъ таварруми солона ҳудуди 3,7 дарсад арзёбӣ гардида буд. Ба иттилои БМТ, ин аз ҳама нишондоди пасттарини таваррум дар даврони истиқлоли кишвар маҳсуб мешавад.

Охири соли гузашта вазороти зирабт ва БМТ пешгӯӣ карда буданд, ки таваррум дар соли равон ба 7,5 % хоҳад расид ва дар ин сатҳ мемонад.

Бо мақсади коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ба иқтисодиёт ва таъмини шаффофияти сиёстаи пуливу молиявӣ меъёри бозтамвил ба нишондоди 1 % боло бурда шуда, он 6,9 % —ро дар бар гирифт.     

Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ