01:37 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Проект бюджета на 2013-2015 годы отправлен в Госдуму РФ

Дар соли оянда даромади буҷаи Тоҷикистон 10 % афзоиш меёбад

© Sputnik / Екатерина Штукина
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Мақомот дар соли 2015 ваъдаи буҷаи мукаммалтареро медиҳанд ва он мисли собиқ ҷанбаи иҷтимоиашро нигоҳ хоҳад дошт.

Душанбе, 14 ноя — Sputnik. Ҳаҷми умумии даромадҳои буҷаи давлатӣ барои соли 2015 ба андозаи 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он дар қиёс ба соли 2014 беш аз 10 фоизро ташкил медиҳад, менависад сомонаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Амиршо Миралиев, муовини аввали Раиси МН рӯзи панҷшанбе ҷаласаи кумита оид ба иқтисоду молияи парлумонро баргузор кард ва дар нишаст ба ҷуз вакилони мардумӣ роҳбарони бахши иқтисоди ҳукумати кишвар ширкат доштанд. "Дар нишаст лоиҳаи қонун "Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015" ва нишондиҳандаҳои буҷаи давлатӣ барои солҳои 2016-2017 баррасӣ гардид",- меафзояд хадамоти матбуотии ин ниҳод.

Қайд гардид, ки "буҷа дар соли 2015 низ ҷанбаи иҷтимоиашро нигоҳ дошта, беш аз 50 дарсади хароҷоти он ба бахшҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд ва он дар муқоиса ба имсол 17 % бештар аст. Фақат барои зиёд кардани ҳаҷми маоши моҳона, нафақапулӣ ва кӯмакпулии донишҷӯён 400 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст".

Хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар мегӯяд, тарҳи қонуни мазкур дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 19 ноябр баргузор мегардад, ба баррасии вакилон гузошта мешавад.

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ