10:32 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Сельскохозяйственный плуг

Мошинолоти кишоварзии Русия дар заминҳои Тоҷикистон кор хоҳанд кард

© Flickr/ David Wright
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Ширкати “Алмаз”-и Русия ва корхонаи давлатии “Мадад”-и Тоҷикистон дар бораи хариди техникаи хоҷагии қишлоқ бо маблағи 300 ҳазор доллар шартнома имзо карданд. Ин мошинолот авохири моҳи ноябр ба ҷумҳурӣ ворид мегардад.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ширкати муттаҳидаи "Алмаз"-и Русия ва КВД "Мадад"-и ҶТ дар мавриди хариди мошинолоти кишоварзӣ бо маблағи 300 ҳазор доллар созишнома ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад сомонаи "Алмаз".

Шартномаи мазкур аснои боздиди ҳайати тиҷҷори минтақаи Алтай ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли равон ба тасвиб расида буд.

Ҷонибҳо ба тавофуқе даст ёфтанд, ки дар асоси он ширкати "Мадад" аз "Корхонаи қисмҳои эҳтиётии Рубтсовск", мутаалиқи ширкати "Алмаз" таҷҳизоти зарурӣ барои мошинҳои кишоварзӣ харидорӣ хоҳад кард.

"Рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон плуги тракторҳо ва новакҳои навъи FINIST 3-35, инчунин қисмҳои он ворид мегарданд. Ин плугҳо барои коркарди замин, кишт ва ҷӯяккашӣ истифода мешаванд ва барои кишоварзон таҷҳизоти аслӣ маҳсуб мешаванд",- меафзояд манбаъ.

Интизор меравад, охири моҳи ноябр нахустин бахши таҷҳизоти кишоварзӣ аз Алтай ба Тоҷикистон ворид гардад. Ҳамзамон, имзои шартномаи дигаре дар мавриди ироа мошинолот дар назар аст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ