00:23 18 августи 2017
Пахши мустақим
Строительство Рогунской гидроэлектростанции

Барои идомаи сохтмони Роғун 1,6 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад

© Sputnik / Ратушенко
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

ҶТ новобаста аз паҳлӯи иҷтимоӣ доштани буҷаи соли 2015 ба сохтмони неругоҳи барқӣ, ки кишварро аз норасоии он дар фасли зимистон наҷот хоҳад дод, идома медиҳад.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2015 ҷудо гардидани 1,6 миллиард сомонӣ (муодили 314 миллион доллар) ҷиҳати идомаи сохтмони неругоҳи Роғун пешбинӣ шудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи Маҷлиси намояндагон.

Ба қавли манбаъ, вакилони парламенти Тоҷикистон лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2015-ро, ки аз ҷониби Абдусалом Қурбонов, вазири молия пешниҳод гардид, тасдиқ карданд.

Вазир афзуд, ҳаҷми даромади буҷаи соли 2015 ба андозаи 15,3 миллиард сомонӣ пешюинӣ шудааст ва он 10 % бештар аз соли гузашта аст. Хароҷоти буҷа бошад, 29,4 % —и ММД-ро ташкил медиҳад. Ҷанбаи асосии хароҷоти буҷаро бахши иҷтимоӣ ва иқтисоди воқеъӣ дарбар мегирад. "Барои пӯшонидани қарзҳои хориҷии мамлакат ҷудо гардидани 873,1 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст",- қайд кард Қурбонов.

"Буҷаи давлатии соли 2015 ҷанбаи иҷтимоии худро ҳифз карда, беш аз 50 дарсади масрафи он ба  бахши иҷтимоӣ рабт дорад ва он дар қиёс ба соли гузашта 17 % зиёдтар аст. Фақат барои боло бурдани ҳаҷми маош, нафақа ва идрорпулӣ бештар аз 400 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст",- изҳор дошт Қурбонов.

Ба қавли вазир, ҳаҷми хароҷот барои сохтани Роғун, ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим дар соли  оянда назар ба соли равон 260 миллион сомонӣ, ё беш аз 16 фоиз афзоиш дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар бораи арзиши аслии татбиқи лоиҳаи бунёди НБО-и ба истилоҳ "наҷотдиҳанда" аз сардиҳои зимистон ва норасоии барқ рақами мушаххасе эълом нашудааст.

 Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи сентябри соли равон, яъне баъди 4 сол, натиҷаҳои ташхисашро нашр кард. Ин ниҳоди байналмиллалии молӣ пас аз эълони натиҷаи таҳқиқ гуфт, бунёди НБО-и Роғун ба сурати умум паёмади манфии ҷиддӣ барои вазъи муҳити зисти минтақа ва Осиёи Марказиро дар пай надорад.

 

Барчаспҳо:
бонки ҷаҳонӣ, наҷотдиҳанда, молия, Қурбонов, парламент, НБО, Роғун, буҷа

Мавзӯъҳои асосӣ