02:06 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Регионы России. Вологда

Вазорати нақлиёт: ФР агар хоҳад мушкилотро бо ҶӮ ҳал карда метавонад

© Sputnik / Екатерина Власенко
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Барои шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё доштани иртиботи қавии нақлиётӣ бо Қирғизистон зарур аст. Инчунин, масъалаи роҳу мушкилоти он бо ҳамсоякишвар- Ӯзбакистон низ бояд ҳал гардад.

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Русия имконияти ҳал кардани мушкилоти ҳамлу нақл миёни Тоҷикистону Ӯзбакситонро дорад, изҳор дошт Шералӣ Ганҷалов, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон аснои ширкат дар ҳамоиши байналмилалии "Тоҷикистон: ҷанбаҳои ҳамгироии авруосиё" рӯзи 20-уми ноябр дар Душанбе.

Ба қавли ӯ, "Федератсия Русия ба унвони шарики стратегии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар масоили марбут ба мушкили роҳу нақлиёти минтақа ва ҳалли ихтилоф таъсиргузор бошад. Дар қисмати ҷанубӣ 445 километр хати роҳи оҳани мо аз соли 2011 бекор аст. Мутаасифона, мо дар ҳоли ҳозир наметавонем мушкилотро бо ҳамсояаамон ҳал намоем, Русия агар хоҳад, метавонад ба мо кӯмак кунад ",- афзуд Ганҷалов. Бояд гуфт, Ӯзбакистон худсарона масир дар ин ҷодаро хароб кард.

Барои шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё доштани иртиботи қавии ҳамлу нақл (нақлиётӣ) бо Қирғизистон зарур аст. "Феълан мо 4 гузаргоҳи нақлиётии муштарак бо Қирғизистон дорем, аз ин танҳо яктои он мақоми байналмилалиро дорад. Интизор меравад, ҳафтаи оянда нишасти коршиносони татбиқи тарҳи роҳи оҳани Эрон- Афғонистон- Тоҷикистон-Қирғизистон- Чин " баргузор шавад",- қайд кард Ганҷалов.

Муовини вазир ҳамчунин пешниҳод кард, ки барои интиқоли меваву сабзавоти барвақтӣ аз манотиқи ҷанубии ҷумҳурӣ ба Русия як маркази вижаи идорӣ созмон дода шавад. "Ман дар назар дорам таъсиси маркази лоҷистикӣ, ки ба истеҳсолкунанда ва интиқолдиҳандаҳо имкони дар вақташ бурда расонидани меваву сабзавоти тару тозаро ба Русия фароҳам меорад". Бо сабаби масдуд будани ҳаракат дар  қисмати ҷанубии роҳи оҳан аз ҷониби Ӯзбакистон, меваҷот аввал ба Суғд интиқол ёфта, баъдан бо роҳҳои гуногун ба Русия расонида мешавад. "Мо бовар дорем, ки ин кофӣ нест",- илова кард Ганҷалов.

Барчаспҳо:
гузаргоҳ, Ӯзбакистон, Ганҷалов, ҳамлу нақл, Тоҷикистон, ФР

Мавзӯъҳои асосӣ