Бонки миллӣ барои ҳифзи қурби сомонӣ $137 миллион сарф кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевНишасти матбӯъотӣ дар Бонки миллӣ
Нишасти матбӯъотӣ дар Бонки миллӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Бонки миллӣ омори арзи масрафшуда барои нигаҳдории қурби сомонӣ дар соли гузаштаро эълом кард, вале таъкид дошт, ки барои ба эътидол овардани қурби доллар қабл аз ҳама беҳбуди вазъи иқтисоди Русия зарур аст.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми соли 2014 барои ҳифзи қурби сомонӣ 137 миллион доллар масраф кардаст, изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбӯъотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов.

Бонки миллии Тоҷикистон барои нигаҳдории қурби доллар ҳамарӯза дар бозори нақдии арзӣ низ аз дороиҳои худ истифода мекунад, хабар дод Абдуҷаббор Ширинов дар нишасти матбӯъотии 20-уми январ.

"Ба иқтисоди Тоҷикистон авомили беруна низ таъсири сахт доранд. Мо қурби долларро ҳатто барои кӯтоҳмуддат пешбинӣ карда наметавонем, зеро ҳоло тақрибан ҳамаи арзҳои ҷаҳон дар нисбати доллар арзон мешаванд. То замоне, ки қиммати нафт ва иқтисоди Русия устувор нашаванд, сӯҳбат дар бораи устувории қурб кори беҳуда аст", — гуфт вай.

Барои ба эътидол овардани қурби сомонӣ дар қиболи доллар Бонки миллӣ 137 миллион доллар масраф кардааст. Ба ғайр аз ин, ба бонкҳои кишвар барои ҳифзи тавозун беш аз $900 миллион қарз дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0