Соли гузашта дар Тоҷикистон 3,4 тонна тилло истихроҷ шудааст

© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузариш ба медиабонкТилло. Акс аз бойгонӣ
Тилло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Миқдори аслии тиллои дар соли гузашта истихроҷшуда дар Тоҷикистон аз сӯйи ширкати муштараки “Зарафшон” тавлид шудааст.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тавлиди тилло дар Тоҷикистон аз мизони равонии 3 тонна, ки тӯли солҳои тӯлонӣ гузаштан аз он имконпазир набуд, убур шудааст, хабар дод Шавкат Бобозода дар нишасти матбӯъотии вазорати саноъат ва технологияҳои нав.

Корхонаҳои тавлидкунандаи тиллои кишвар дар соли 2014 3,4 тонна тилло истихроҷ кардаанд, ки нисбати соли 2013 720 килограмм бештар аст. Тавлиди нуқра 1651 тоннро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2013 35 килограмм бештар аст.

"Мо инро аз дер боз интизор будем ва ҳамакнун бо фаъъолияти хуби корхонаҳои тавлиди тиллои кишвар ин мизони равонӣ убур шуд. Бахши аслии тилло аз сӯйи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Зарафшон" тавлид шудааст, ки соли 2014 корхонаи ҷадиди истихроҷи тилло бо иқтидори 10 ҳазор тоннаро фаъъол кард", — зикр кард вай.

Вазир хабар дод, ки корхонаи "Зарафшон" дар садад аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ навбати дуввуми ин коргоҳро фаъъол созад, ки ба афзоиши мизони истихроҷи тилло дар конҳои ин ширкат мунҷар мешавад.

"Муҳим ин аст, ки ҳудуди 70% тиллои дар соли гузашта тавлидшуда дар дохили кишвар ба фурӯш рафт. Бонки миллӣ, вазорати молия ва ширкатҳои тавлидкунандаи ороишот харидорони аслии тилло буданд. Миқдори боқимонда ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд", — гуфт Бобозода.
Ба иттилоъи вазир, тилло чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар бо арзиши ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад ва феълан қиммати як грамм тилло $35 доллар аст.

"Албатта мехостам бароятон хабар диҳам, ки дар соли ҷорӣ 4 тонна тилло тавлид мекунем, вале бояд каме хоксор бошем — бо эҳтимоли зиёд мизони тавлиди тилло 3,8 тонна мешавад, ин рақам бештар воқеъӣ аст", — зикр кард вазир.

Аз миқдори умумии тиллои тавлидшуда дар Тоҷикистон ҳудуди 2 тоннаро ширкати муштараки "Зарафшон", ширкати муштараки "Апрелевка" — 450 килограмм, ширкати "Одина — 236 килограмм, "Тиллои тоҷик" (корхонаи вазорати молия) — 520 килограмм ва ширкатҳои кӯчак ҳудуди 60 килограмм тилло тавлид кардаанд.

Дар соли 2013 дар Тоҷикистон 2 тоннаву 674,4 килограмм тилло тавлид шуда буд, ки нисбати соли 2012 273,5 килограмм бештар буд. Ширкати "Зарафшон" 1 ҳазору 694,76 килограмм, "Апрелевка" — 516, 74 килограмм, "Тиллои тоҷик" — 364,90 килограмм ва ширкати "Одина" — 167,62 килограмм ва миқдори боқимондаашро ширкатҳои кӯчак тавлид карда буданд.

Барои охирон бор мизони 3 тоннаги тавлиди тилло дар соли 1998 муяссар шуда буд, вале дар солҳои дигар ба далели коҳиши арзиши тилло ва фарсуда будани таҷҳизоти фаннӣ тавлиди ин навъи фузулоти нодир дар кишвар аз 1,8 тонна бештар набуд.

Феълан арзиши тилло дар бозори ҷаҳонӣ $1286 барои 31,1 грамм аст. Дар соли 1998 қиммати он аз 300 доллар бештар набуд. Баландтарин мизони арзиши он дар соли 2012 буд, ки 1,7 ҳазор доллар нарх дошт.

Лентаи хабарҳо
0