01:42 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Ширкати Русский алюминий. Акс аз бойгонӣ

Тавлидоти ТАЛКО ду маротиба коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Роман Денисов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон 28 январ дар нишасти хабарие гуфт, дар соли 2014 ТАЛКО ҳамагӣ 121 200 тонна алюминийи аввалия тавлид кардааст.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тавлидоти ТАЛКО — бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон — дар соли 2014 ҳудуди 2 маротиба, ё қариб 100 000 тонна коҳиш ёфтааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон 28 январ дар нишасти хабарии созмонёфта гуфт, дар соли 2014 ТАЛКО ҳамагӣ 121 200 тонна алюминийи аввалия тавлид кардааст. Дар соли 2013 тавлидоти ин корхона 218 477 тонна ва дар соли 2012 беш аз 275 ҳазор тоннаро ташкил медод.

"Сабаби аслии коҳиши тавлидоти ТАЛКО пойин рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонист. Соли гузашта нархи миёнаи алюминий ҳамагӣ 1870 долларро ташкил дод. Маълум аст, ки ягон корхона ба зарари худаш кор намекунад", — афзудааст Раҳимзода.

Вале ба гуфтаи вазири иқтисоди Тоҷикистон, корхонаи ТАЛКО  қасд дорад, имсол тавлиди ин маҳсулотро ба 197 000 тонна расонад. Бо ин вуҷуд, тавлидоти соли 2014 боз ҳам хеле пойинтар аз ҳаҷми тавлидоти корхона дар солҳои 2012 —2013 буда, нисбат ба солҳои қабл аз бӯҳрон, яъне соли 2006-2007, ки тавлиди ТАЛКО аз марзи 400 000 тонна гузашта буд, ду маротиба кам мебошад.

ТАЛКО, воқеъ  дар шаҳри Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби Душанбе ва 20-километрии марз бо Ӯзбакистон, бо саҳми умдааш дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар таъмини содироти кишвар як корхонаи муҳимтарин ба шумор меояд. Ба ин далел, ТАЛКО мустақиман ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ итоат мекунад ва ба фарқ аз боқӣ корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, вобастаи вазорати саноат  ва технологияҳои навин нест.

Дар миёнаи солҳои 2000-ум то 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти ТАЛКО ба даст меомад, вале дар соли 2013, бино бар коҳиши тавлидот, аз 1 миллиарду 172 миллион доллар ҷамъи содироти кишвар танҳо 370 миллион доллар ё ҳамагӣ 30 дарсадаш аз ҳисоби содироти алюминийи аввалия ба даст омадааст. Дар соли 2014 ТАЛКО ба хориҷ ба маблағи ҳамагӣ 234 миллион доллар алюминий фурӯхтааст ва саҳмаш дар таъмини содироти Тоҷикистон боз ҳам пойинтар рафтааст.

Ҳамчунин дар соли 2014 шумори кормандони ин корхона коҳиш ёфтааст. Бино бар оморҳои қаблӣ, дар корхонаи мазкур солҳои гузашта ҳудуди 10 000 нафар кор мекард, дар соли 2014, ба гуфтаи вазири иқтисод Шариф Раҳимзода, дар ин корхона ҳамагӣ 8 479 нафар кор кардааст. Яъне тақрибан 1500 нафар камтар аз солҳои пешин.

Барчаспҳо:
121 200 тонна, арзоншавӣ, коҳиши тавлид, алюмин, ТАЛКО, Шариф Раҳимзода, Турсунзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ