01:39 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Токио. Акс аз бойгонӣ

Ҷопон ба Ӯзбакистон $3,8 миллиард сармоягузорӣ мекунад

© Sputnik / Владимир Песня
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Маболиғи ихтисосшуда ба арсаи энержӣ, истихроҷи нафту газ, кимиёӣ, нассоҷӣ ва тавлидоти энерживу фаннӣ равона мешаванд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар Токио миёни мақомоти Ӯзбакистон ва Ҷопон чанд санади сармоягузорӣ ба маблағи $3,8 миллиард имзо шуд, хабар медиҳад сойти вазорати хориҷаи Ӯзбакистон.

Ҳайъати Ӯзбакистон ба раҳбарии муовини аввали нахуствазир, вазири молия Рустам Азимов дар кори ҷаласаи 12-уми кумитаи Ӯзбакистону Ҷопон барои ҳамкории иқтисодӣ рӯзҳои 26-28 январ дар Токио ширкат кард.

"Дар поёни ин нишаст чанд санади сармоягузорӣ ва қарзӣ, тарҳҳои кӯмаки фаннӣ ба маблағи умумии $3,8 миллиард имзо шуданд. Ин маболиғ ба арсаи энержӣ, истихроҷи нафту газ, кимиёӣ, нассоҷӣ ва тавлидоти энерживу фаннӣ, мухобирот, ҷаҳонгардӣ, зербаноҳои нақлиётӣ ва ғайра равона мешаванд", — зикр мешавад дар хабар.

Дар чорчӯби ҷаласаи ин кумита маросими муаррифии бахшҳои аслии иқтисоди Ӯзбакистон баргузор шуд, ки дар он беш аз 200 намояндагони ширкатҳои ҷопонӣ, бонкҳо ва ниҳодҳои давлатӣ ширкат карданд.

Ҳамчунин, музокироти ҷониби Ӯзбакистон бо муовини нахуствазир, вазири молияи Ҷопон Таро Асо, вазири иқтисод, тиҷорат ва саноъе Йоичи Миязава, раиси Бонки Ҷопон Харухико Курода, раҳбарияи Оҷонси байналмиллалии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA), бонки ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷопон (JBIC), ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳо ва бонкҳои асосии Ҷопон баргузор шуданд.

Мавзуъ

Амрико ба Ӯзбакистон беш аз 300 адад зиреҳпӯш медиҳад
Барчаспҳо:
имзои қарододи сармоягузорӣ, бонкҳои Ҷопон, ҳукумати Ӯзбакистон, Рустам Азимов, Ӯзбакистон, Ҷопон

Мавзӯъҳои асосӣ