00:23 18 августи 2017
Пахши мустақим
Неругоҳҳои офтобӣ. Акс аз бойгонӣ

Ширкати испанӣ ба бозори Тоҷикистон тавваҷӯҳ дорад

© Sputnik / Тарас Литвиненко
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Ширкате, ки дар умури энержии барқароршаванда фаъолият мекунад, ба кор дар Тоҷикистон алоқаманд аст, вале ба шарте, ки дар ин кишвар шароити дурусти сармоягузорӣ фароҳам бошад.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Масоили ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаи энержии барқароршаванда дар дидори муовини раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова бо раиси намояндагии ширкати испании АССIONA дар Ҷумҳурии Қазоқистон Карлос Суагос матраҳ шудаанд, хабар медиҳад маркази матбуотии палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Ширкати испании АССIONA, ки дар арсаи энержии барқароршаванда, сохтмон ва хадамоти обрасонӣ фаъъолият мекунад, дар ҷараёни дидор дар палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба бозори ин кишвар алоқаманд шудааст.

"Раҳбарияти ширкати испанӣ ба ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки ба рушди арсаи энержӣ, дастгирии тиҷорат ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамчунин шароити фаъъолияти туҷҷори хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон тавваҷӯҳ кардааст", — омадааст дар хабар.

Дар ин дидор зикр шудааст, ки шароити тиҷорат ҳамасола беҳбуд меёбад ва ин амр ба узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳони тиҷорат бастагӣ дорад. Бо вуҷуди ин, ҷумҳуриро зарур аст, ки барои мутобиқ сохтани қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмиллалӣ умури зиёдеро анҷом бидиҳад.

Вазъи энержӣ дар Тоҷикистон душвор боқӣ монда, сокинони манотиқи рустоӣ тирамоҳу зимистон тибқи реҷа нерӯи барқ мегиранд. Маҷрои рӯдхонаи Вахш дар фасли зимистон ба якборагӣ коҳиш ёфта захоири оби обанборҳои нерӯгоҳҳо дар ин рӯдхона, аз ҷумла нерӯгоҳи Норак, ки 80% мизони масрафи нерӯи барқи кишварро таъмин мекунад, кам мешавад.

Дар бахши энержии кишвар роҳи ҳалли ин мушкилро дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун мебинанд, вале ин тарҳ тӯлонӣ буда бо мухолифати бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯбарӯ аст. Ҳалли муввақати ин душвориро мақомот дар истифода аз манобеи барқароршавандаи энержӣ, аз ҷумла бо истифода аз нерӯи бод ва офтоб мебинанд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон: камбуди нерӯи барқ мушкилоти №1 дар Тоҷикистон аст
Барчаспҳо:
дидор, АССIONA, Карлос Суагос, Манзура Рустамова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ