23:46 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Ширкати алюминии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумат ба ТАЛКО дастур дод, ки бо РУСАЛ "созиш" кунад

© Sputnik / Руслан Кривобок
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Аз қарори ҳукумат чунин бармеояд, ки тасмим дар бораи созиш бо ширкати алюминии Русия ба манзури таъмини фаъолияти мунназами “ТАЛКО” гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ширкати "ТАЛКО"-ро муваззаф кардааст, ки бо "РУСАЛ" созиш карда қарзи чандмиллионаи худ аз ширкати "Созидание"-ро пардохт кунад, омадааст дар бойгонии сойти adlia.tj.

Дар қарори аз 27 январи соли 2015 омадааст, ки ҳукумат аз тарҳи қарори созиш миёни ширкати алюминии Тоҷикистон ва ширкатҳои "Talco Management Limited", "Hamer Investment Limited", "CDH Investment Corporation", "Alumina and Bauxite Company Limited" ва "Redao Holdings S.A." пуштибонӣ мекунад.

"Ин тасмим ба манзури таъмини пуштибонии молӣ ва таъмини мунназами фаъолияти корхонаи алюминии Тоҷикистон гирифта шудааст", — омадааст дар матни ин санад.

Зикр мешавад, ки ба манзури иҷрои созишномаи сулҳ ба ширкати "Созидание" (молики меҳмонхонаи "Hyatt Regency Dushanbe") ба маблағи 322 миллиону 352 ҳазору 898 сомонӣ ва ҳамчунин ҷаримаҳо барои сареъан напардохтани ин маблағ бар дӯши ширкати "ТАЛКО" вогузор шавад.
"Мудири молия ва тиҷорати "ТАЛКО" барои имзои созишномаи сулҳ муваззаф карда шавад. Дар сурати иҷро нашудани муқаррароти созишномаи сулҳ ин тасмим беэътибор дониста шава", — омадааст дар қарори ҳукумат.

ТАЛКО, РУСАЛ ва "Созидание"

Қарзҳои андози ширкати "Созидание" баъд аз анҷоми бозрасии Комитети андоз дар поёни соли 2013 ошкор шуда буданд. Дар тӯли соли 2014 ин ширкат бо ниҳоди андоз вориди баҳсҳои додгоҳӣ шуд. Комитети андози Тоҷикистон ширкатро муваззаф кард, ки $67 миллион (беш аз 322 миллион сомонӣ) пардохт кунад.

Он замон бештаре аз соҳибназарон ин қазияро марбут ба ширкати РУСАЛ (аз оғоз вай муъассиси "Созидание" буд) донистанд, ки дар тӯли солҳои зиёд бо ТАЛКО муҳокимаҳои додгоҳӣ дошта пирӯз ҳам шуда буд.

Дар баёнияи ширкати РУСАЛ зикр мешавад, ки 6 август ин ширкат дар муҳокимаи додгоҳӣ алайҳи CDH Investments Corp дар мавриди воридоти хокаи алюминий ба ТАЛКО пирӯз шуд. Тибқи ҳукми додгоҳи Швейтсария ҷонибе, ки баҳси додгоҳиро бохт, бояд ба РУСАЛ ҳудуди $70 миллион пардохт кунад.

Ширкати ТАЛКО мегуфт, ки ҳамкорӣ бо CDH солҳои 2005-2007 идома дошт ва сипас ин ҳамкорӣ қатъ шуд.

14 октябри соли 2013 додгоҳи Швейтсария муҳокимаи парвандаи РУСАЛ алайҳи ТАЛКОро ба суди ширкати русӣ ҳал кард. Додгоҳи таҷдиди назар низ куллия даъвоҳои ТАЛКОро сарфи назар ва ин ширкатро барои пардохти ҳудуди $400 миллион ба суди РУСАЛ муваззаф кард.

Куллияи ин ҳукмҳои додгоҳиро ТАЛКО қабул надошт ва иддаъо мекард, ки РУСАЛ барқасдона мехоҳад эътибори ӯро пойин бубарад ва қасд дошт ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бубарад. Вале дар як соли ахир ҳеҷ хабаре аз баҳсҳои додгоҳии ин ду ширкат хабаре пахш нашудааст.

Мавзуъ

Раҳмон раиси "Талко" ва чанд мансабдори дигарро иваз кард
Тавлидоти ТАЛКО ду маротиба коҳиш ёфтааст
Директори ТАЛКО вакили парлумон мешавад
“ТАЛКО” истифодаи нерӯи барқро коҳиш дод
Барчаспҳо:
тасмими ҳукумат барои созиш, РУСАЛ, ТАЛКО, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ