01:01 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Пули русӣ. Акс аз бойгонӣ

Bloomberg: рубл ба беҳтарин арзи ҷаҳонӣ табдил ёфт

© Sputnik / Владимир Трефилов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Тибқи пешгӯии иқтисодшинос оид ба Русия аз Royal Bank of Scotland Group Plc-и Лондон Татяна Орлова, то охири моҳи июни соли равон мавқеъи рубл дар нисбати доллар 5,1% тақвият ёфта, нишондоди он ба 55,4 баробар хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Болоравии қурби рубл аксари таҳлилгарони ғарбиро ғофилгир кард, онҳо омили аслии тақвияти арзи русӣ- мусолиҳа дар Украинаро ба назар нагирифтанд, менависад РИА Новости дар такя ба маводи дар Bloomberg нашршуда.

"Тайи се моҳи аввали соли 2015 рубли русӣ бо нишондиҳандаҳои худ аз феҳрасти бадтарин арзҳои дунё берун гардида, шомили рӯйхати беҳтарин асъорҳои ҷаҳонӣ шуд",- меафзояд оҷонсӣ.

Сабаби аслии тақвияти арзиши рубл ба мусолиҳа ва оташбаси Украина рабт дорад, тасдиқ мекунад Bloomberg.

Ба қавли Саймон Кихано-Эванса, роҳбари гурӯҳи таҳқиқотии бозорҳои рӯ ба рушди шӯъбаи лондонии Commerzbank AG, барои муайян кардани қурби рубл сармоягузорон бояд ҳаводиси шарқи Украинаро ба назар бигиранд.

Арзиши рубл дар семоҳаи аввал 4,4% боло рафт, ҳарчанд Бонки Русия ҳиссаи худро ба 300 нишондод коҳиш дод ва нафти навъи Brent ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 55,17 доллар нарх дошт.

Тибқи пешгӯии иқтисодшинос оид ба Русия аз Royal Bank of Scotland Group Plc-и Лондон Татяна Орлова, то охири моҳи июни соли равон мавқеъи рубл дар нисбати доллар 5,1% тақвият ёфта, нишондоди он ба 55,4 баробар хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
болоравии нархи он, тақвияти асъори Русия, арзиши рубли русӣ, Commerzbank AG, Bloomberg, Royal Bank of Scotland Group Plc-и Лондон, Саймон Кихано, Татяна Орлова, Украина, Лондон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ