02:00 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Комитети давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон $63 миллион кӯмакҳои молӣ гирифт

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Тими иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад маблағи бештари сармоягузории хориҷӣ ба кишвар ҷалб созад ва ба ҷалби кӯмакҳои молӣ ҳамчун наҳваи беҳтари сармоягузорӣ дар шароити феълӣ авлавият медиҳад.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2015 Тоҷикистон бо шарикони рушд ба маблағи умумии $65 млн созишномаҳо имзо кардааст, ки аз ин маблағ $63 млн. (97%) кӯмакҳои молии билоъиваз мебошанд, хабар медиҳад сомонаи Комитети давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон.

Феълан дар Тоҷикистон 55 тарҳи сармоягузорӣ ба маблағи умумии $2,3 миллиард иҷро мешаванд, ки $1,07 миллиардаш кӯмакҳои молии билоъиваз мебошанд.

Дар ҳаҷми ин сармоягузориҳо — 45% қарзҳо ва 47% кӯмакҳои молии бебозгашт ҳастанд. 6,6% сармоягузориҳоро ҳукумати Тоҷикистон ва манобеъи дигари молӣ анҷом медиҳанд. Мизони корхонаҳои давлатӣ 1,3% мебошад.

Ҳаҷми маболиғи истифодашуда дар чорчӯби ин тарҳҳо ба 1 апрел ба $1 миллиард расида 45% ҳаҷми умумии сармоягузориҳоро ташкил медиҳад.

Аз аввали сол ин нишондод баробари $47,5 миллион шуд.

Мавзуъ

Бонки осиёии рушд мониторинги барқро сармоягузорӣ мекунад
Ба иқтисоди Душанбе $361,6 миллион сармоягузорӣ шудааст
Сармоягузорӣ ба арсаи нақлиёт дар соли гузашта $600 миллион буд
Барчаспҳо:
мизони кӯмакҳои молӣ, Комитети давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ