“Asian Business Group” ғолиби тендери вазорати молия шуд

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкОташи газ
Оташи газ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Asian Business Group” дар давоми иҷрои тарҳи бунёди лӯлаи гази Туркманистон-Чин машваратҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва молиявӣ мерасонад.

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар тендере, ки вазорати молияи Тоҷикистон моҳи март эълон кард, ширкати консалтингии "Asian Business Group" ғолиб омадааст, бо такя ба монеби худ менависад "Радиои Озодӣ".

Роҳбарони Тоҷикистону Чин- Эмомалӣ Раҳмон ва Си Тзинпин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тақвияти сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон

Дар ин тендер бештар аз 10 ширкати дохиливу хориҷӣ иштирок кардаанд ва байни онҳо "Asian Business Group", ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, ғолиб омааст.

"Ширкати мазкур ба шӯрои мудирон ва саҳҳомони ширкатҳое, ки лӯларо месозанд, машваратҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва молиявӣ мерасонад ва ҳоло вазорат барои бастани созишнома бо "Asian Business Group" омодагӣ мегирад", — гуфтааст манбаи радио.

Лӯлаи гази Туркманистону Чин, ки тақрибан 400 километри он аз хоки Тоҷикистон бояд гузарад, як тарҳи азимест, ки ба гуфтаи мақомот, дар сурати иҷрои он Тоҷикистон солона бештар аз 1 миллиард доллар фоида мегирад.

Ҷамъияти саҳомии масъулияташ маҳдуди "Азиан Бизнес Груп-Лигал Эдвайзер" аз соли 2006 дар бозори хадамоти консалтингии Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар муаррифии ширкат дар вебсайти он омадааст, ки "мутахассисони ботаҷрибаи ширкат дар соҳаҳои гуногун, ҳама вазифаҳои мушкилро ҳал мекунанд".

"Азиан Бизнес Груп Лигал Эдвайзер" то кунун ба ширкатҳои бузурге дар Тоҷикистон ба мисли "Бабилон", "Газпромнефт-Тоҷикистон", ҷамъияти саҳҳомии "Сангтӯда-1", "Сомон Ойл", Созидание" ва намояндагии ширкати туркии "Энка Иншаат" дар Тоҷикистон машваратҳои ҳуқуқиву тиҷоратӣ додааст. Аммо дар бораи муассисони ширкат чизе гуфта нашудааст.

Вазорати молия: қарзи Тоҷикистон аз Чин беш аз $900 миллион аст

Хатти лӯлае, ки аз Тоҷикистон мегузарад, яке аз шохаҳои лӯлаи "Осиёи Марказӣ — Чин" аст, ки тақрибан 3700 километр тӯл дорад ва қарор аст, солона аз кишварҳои минтақа ба Чин 80 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол бидиҳад. Бо вуҷуди манофеъи иқтисодии тарҳи мазкур барои Тоҷикистон мушкили норасоии гази табиӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Зеро бар асоси қарордод, Тоҷикистон ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯларо нахоҳад дошт, балки танҳо пули транизити газро мегирад.

Охири моҳи декабри соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, созишнома дар бораи усулҳои ҳамкории ҳукумат ва ширкати муштараки "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd"-ро тавсиб карданд, ки аз иҷрокунандагони аслии тарҳи сохтмони лӯла мешавад. Қарор буд, бунёди қитъаи тоҷикистонии хатти чоруми интиқоли гази Осиёи Миёна ба Чин моҳи апрел шурӯъ шавад, вале онгуна ки дар вазорати молия гуфтанд, ҳоло корҳои сохтмонӣ оғоз нашудааст.

Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии Азот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чин мехоҳад “Тоҷиказот”-ро гардон кунад

Хатти мазкур хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Миёна — Чин аст ва аз Туркманистон шуруъ мешавад ва тавассути қаламрави Ӯзбакистон бо тӯли 200 км, Тоҷикистон 391 км ва Қирғизистон 210 км ба Чин ворид мегардад. Барои бунёди лӯла дар Тоҷикистон, ки аз водиҳои Ҳисору Рашт то Ҷиргатол тӯл кашида ба Қирғизистон мегузарад, сохтмони 45 нақб, бо тӯли умумии 75 километр ва 24 нақби зериобии лӯлаи газ ба нақша гирифта шудааст.

Барои сохтмони ин хатти лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон ғайр аз маблағи оинноммавии ширкати муштарак, ки 600 миллион долларро ташкил медиҳад, инчунин қарзи иловагӣ ба маблағи 2,6 миллиард доллар зарур аст, ки дар маҷмӯъ арзиши лоиҳа 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ даромади умумии корхонаи муштараки "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd" дар давоми 32 соли фаъолият 15 миллиард долларро ташкил дода, ба буҷети кишвар 1 миллиарду 248 миллион доллар андоз хоҳад овард.

Лентаи хабарҳо
0