Тоҷикистон ба Афғонистон 3,5% нерӯи барқи тавлидоти худро содир кард

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкНерӯгоҳи Норак
Нерӯгоҳи Норак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯи барқи содиротӣ тавассути хутути интиқоли нери барқи 220 кВ ва 110 кВ аз Тоҷикистон ба Афғонистон умдатан дар ду нерӯгоҳ – Сангтӯда-1ва Сангтӯда-2 тавлид мешавад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон 43,9 миллион кВт соат нерӯи барқ содир кардааст, омадааст дар гузориши "Бозрасӣ ва огаҳсозии сареъ дар Тоҷикистон", ки аз сӯйи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таҳия шудааст.

Тоҷикистон ба Афғонистон нерӯи барқи тавлиди ду нерӯгоҳ — Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2ро тавассути хутути интиқоли нерӯи барқи 220 кВ ва 110 кВ содир мекунад.

"Дар моҳи апрели соли 2015 ба Афғонистон 43,9 миллион кВт соат нерӯи барқ содир кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,7 миллион кВт соат бештар мебошад. Дар маҷмӯъ куллияи нерӯи барқи содиротӣ 3,5% тавлидоти умумии нерӯи барқи кишварро ташкил дод", — зикр мешавад дар гузориш.

Шоми Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли барқ лағв шуд

Муаллифони бозрасӣ дар бораи миқдори содирот ба Қирғизистон иттилоъе надодаанд. Ҳарчанд бо ин кишвар низ аллакай қарордод дар бораи содироти нерӯи барқи изофӣ дар фасли тобистон имзо шудааст.

Тибқи ин қарордод Қирғизистон ҳар як киловат соати нерӯи барқи Тоҷикистон бо қиммати 3 сент харидорӣ карда, миқдори умумиаш 250 миллион кВт соат хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ дар моҳи апрел тавлиди нерӯи барқ дар кишвар дар муқоъиса бо моҳи март 16,5% коҳиш ёфта 1 миллиарду 257 миллион кВт соат шудааст. Ҳамарӯза низоми энержии Тоҷикистон ба сурати муттавасит 42 миллион кВт соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Миқдори аслии нерӯи барқро нерӯгоҳи Норак тавлид мекунад.

Дар муқоъиса бо моҳи апрели соли гузашта мизони тавлиди нерӯи барқ 83,9 миллион кВт соат афзоиш ёфтааст. Ин амр баъд аз роҳандозии чархаи аввали маркази барқиву гармидиҳии "Душанбе-2" ва чархаи дуввуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 имконпазир шудааст.

Қатор дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон – воридот коҳиш ёфта ва содирот афзудааст

Миқдори масрафи умумии нерӯи барқ дар моҳи апрели соли 2015 ба 1 миллиарду 207 миллион кВт соат расидааст, ки нисбати моҳи марти соли ҷорӣ 18,7% камтар буда нисбати моҳи апрели соли гузашта 89,4 миллион кВт соат бештар мебошад.

Бештар аз ҳама нерӯи барқро дар манотиқи ҷанубии кишвар масраф мекунанд — 27 миллион кВт соат ва камтар аз ҳама дар Душанбе — 6-7 миллион кВт соат дар як шабонарӯз мебошад.

Масрафи бузургтарин корхонаи санъатии кишвар — "ТАЛКО" дар ҳаҷми моҳи март — 8 миллион кВт соат боқӣ мондааст. Вилояти Суғд дар як шабонарӯз як каме бештар аз 10 миллион кВТ соат нерӯи барқ масраф мекунад.

Лентаи хабарҳо
0