23:46 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Ширкати истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

ТАЛКО: тавлиди алюминий дар соли равон 15% афзоиш ёфт

© Sputnik / Руслан Кривобок
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Дар робита ба нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ қайд шуд, ки то санаи 23 ноябри соли равон нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металлҳои Лондон (LME) 1 ҳазору 424 доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нишондиҳандаи пасттарин тӯли қариб 7 соли охир аст (феврали соли 2009 - 1327,2 $).

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дар соли равон ҳаҷми тавлиди алюмини хомро то ба 140 ҳазору 693 тонна ва алюмини аввалияро то ба 139 ҳазору 132 тонна афзоиш додааст, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии ин ширкат.

"Ба корхона имкон шуд, ки тавлиди алюмини хому аввалияро нисбат ба соли гузашта 15% афзоиш диҳад", — гуфт директори Департаменти иттилооти ТАЛКО Игор Сатторов.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корхона 90 адад ваннаҳои электролизӣ дошта, барои насби боз 60 ванна пурра имкон дорад, ки барои афзоиши истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот аз 40 то 50% шароит фароҳам меорад, лекин бо назардошти нархҳои паст ба алюминий дар бозор, вобаста ба ин тадриҷан ҳаҷми истеҳсолро зиёд мекунад.

Ӯ мегӯяд, аввали соли 2015 шумори ваннаҳои электрлизӣ 315 ададро ташкил дода, дар зарфи 11 моҳи боз 177 ванна ба истифода дода шуд ва аз ин миқдор 131 ададаш насб ва 46-тоаш аз таъмир бароварда шудааст.

"Шумори умумии ваннаҳо ба охири сол ҳудуди 400 ададро ташкил дода, соли оянда ширкат мавриди истифода қарор додани 120 электролизерҳоро дар нақша дорад, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мусоидат мекунад", — гуфтанд дар ширкат.

Дар робита ба нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ қайд шуд, ки ба санаи 23 ноябри соли равон нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металлҳои Лондон (LME) 1 ҳазору 424 доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нишондиҳандаи пасттарин тӯли қариб 7 соли охир аст (феврали соли 2009 — 1327,2 $).

Зимнан зикр гардид, ки бо мақсади таъмини мунтазами корхона бо воситаҳои гардиш айни замон ширкат ҷиҳати дарёфти қарзҳои дарозмуҳлат бо ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ва бонкҳо гуфтушунидҳо анҷом медиҳад.

"Ҳалли мусбати ин масъала барои ширкат имкониятҳои нав фароҳам меоварад", — афзуд манбаъ.

ТАЛКО, воқеъ  дар шаҳри Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби Душанбе ва 20-километрии марз бо Ӯзбакистон, бо саҳми умдааш дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар таъмини содироти кишвар як корхонаи муҳимтарин ба шумор меояд. Ба ин далел, ТАЛКО мустақиман ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ итоат мекунад ва ба фарқ аз боқӣ корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, вобастаи вазорати саноат  ва технологияҳои навин нест.

Дар миёнаи солҳои 2000-ум то 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти ТАЛКО ба даст меомад, вале дар соли 2013, бино бар коҳиши тавлидот, аз 1 миллиарду 172 миллион доллар ҷамъи содироти кишвар танҳо 370 миллион доллар ё ҳамагӣ 30 дарсадаш аз ҳисоби содироти алюминийи аввалия ба даст омадааст. Дар соли 2014 ТАЛКО ба хориҷ ба маблағи ҳамагӣ 234 миллион доллар алюминий фурӯхтааст ва саҳмаш дар таъмини содироти Тоҷикистон боз ҳам пойинтар рафтааст.

Ҳамчунин, дар соли 2014 шумори кормандони ин корхона коҳиш ёфтааст. Бино бар оморҳои қаблӣ, дар корхонаи мазкур солҳои гузашта ҳудуди 10 000 нафар кор мекард, дар соли 2014, ба гуфтаи собиқ вазири иқтисод Шариф Раҳимзода, дар ин корхона ҳамагӣ 8 479 нафар кор кардааст. Яъне тақрибан 1500 нафар камтар аз солҳои пешин.

Барчаспҳо:
хом, соли равон, алюминий, корхона, ширкат, ҳаҷм, афзоиши истеҳсолот, КВД "Талко", Игор Сатторов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ