17:07 24 марти 2017
Пахши мустақим
Истеҳсоли семент. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон содироти сементро ба кишварҳои ҳамсоя зиёд мегардонад

© Sputnik / Виталий Аньков
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Ҳоло дар Тоҷикистон 12 корхонаи истеҳсоли семент мавҷуд мебошад. Дар моҳҳои январ-июли соли 2016 Тоҷикистон ба Афғонистон ва Қирғизистон 79ҳзр тонна семент содир намуда буд.

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Содироти семент ба кишварҳои ҳамсоя зиёд шуда истодааст, хабар медиҳад  ТаджикТА.

"Тоҷикистон зиёд намудани содироти сементро ба кишварҳои ҳамсоя давом медиҳад. Ҳамин тавр аз моҳҳои январ сар карда то моҳи июли соли 2016  Тоҷикистон ба Афғонистон ва Қирғизистон 79 ҳзр тонна семент содир кардааст",- омадааст дар маълумотҳои оҷонсии кишвар.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон 12 корхонаи истеҳсоли семент фаъолияи мекунад. Дар ҳафт моҳи соли 2016 дар умум 1млн 37,8 ҳзр тонна семент истеҳсол шудааст, ки он ба истеҳсолоти соли 2015 нигоҳ карда,  248,8 ҳзр тонна зиёд мебошад.

"Ба истифода додани иншооти нав дар истеҳсоли ин намуди маҳсулоти сохтмонӣ дар ду соли охир ба Тоҷикистон имконият дод, ки содироти сементро зиёд кунад ва ба дигар кишварҳои ҳамсоя низ интиқол диҳад",- омадааст дар хабар.

Қайд карда мешавад, ки тавоногии корхонаҳои истеҳсоли семент имконият медиҳад, ки то 4 млн тонна семент ҳар сол дар кишвар  истеҳсол карда шавад.

Мавзуъ

Тоҷикистон истеҳсоли алюминийро дар соли 2016 зиёд мекунад
Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ