Дар Тоҷикистон коркарди ангишт 20% зиёд мешавад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкИстихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ
Истихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби зиёд намудани ҳаҷми истиҳсолоти солонаро ба 1,7 млн тон дар зиёд шуданти талаботи аҳолӣ ба ин намуди сӯзишворӣ мебинанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон мақсад дорад, ки дар ин сол ҳаҷми истихроҷи ангиштро зиёд намояд, хабар медиҳад РИА Новости  ба истинод ба намояндаи амаркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияи ҷумҳурӣ.

"имсол ба нақша гирифта шудааст, ки 1,7 млн тонна ангишт истихроҷ шавад, ки ин нишондод дар соли 2015 1,42 млн тоннаро ташкил медод",- гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Ба гуфтаи вай сабаби зиёд намудани истихроҷи ангишт дар зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба ин намуди сӯзишворӣ мебошад. Аз аввали сол то 17-уми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 700 ҳзр ангишт истихроҷ карда шудааст, ки ин нишондод нисбати соли гузашта ба 224 ҳзр тонна зиёд мебошад.

Истеҳсоли семент. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон содироти сементро ба кишварҳои ҳамсоя зиёд мегардонад

Тоҷикистон аз соли 2009-ум сар карда, аз сабаби қатъ гаштани интиқоли газ аз давлати Ӯзбакистон, ки асосан он дар соҳаи саноати алюминӣ, семент ва фаъолияти маркази гармидиҳии Душанбе  истифода мешуд, бахши саноати ангишти худро такмил дод. Дар натиҷа истихроҷи ангишт нисбат ба соли 1991 ба 10 дараҷа афзун ёфт.

Ангиштро дар 18 корхонаи кишвар коркард мекунанд. Мувофиқи маълумоти вазорати саноат ва технологияи нави кишвар дар ҷумҳури 250 корхонаҳои саноати тавассути ангишт ба кор монда шудаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0