07:56 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ

Қоҳир Расулзода: сатҳи камбизоатӣ паст мешавад, даромаднокӣ зиёд

© Sputnik / Дмитрий Астахов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
2001

Даромаднокии шаҳрвандони кишвар тайи 15 соли охир 25 маротиба зиёд гардида, амонатгузорӣ бошад 85 баробар афзудааст. Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар қариб се маротиба- аз 83% дар охири соли 2000-ум то 31% дар соли 2015 кам шудааст

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik.Дар ин бора сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Русулзода ҳангоми баромади хеш дар назди иштирокдорони Форуми байналмиллалии соҳибкорон изҳор дошт, ки санаи 14-уми октябр дар Душанбе баргузор гадид.

"Ба туфайли амалӣ гардидани стратегияҳои миллӣ ва барномаҳо, тайи 15 соли охир қурби миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон 7.8%-ро ташкил дод. Даромаднокии буҷаи давлатӣ аз 300 млн.  то  18 млрд. сомонӣ зиёд гардид. Якҷоя бо ин даромади аҳолӣ 25 маротиба зиёд шуда, амонатгузорӣ бошад се маротиба — 83%  соли 2015 зиёд гардид, ки охири соли 2000-ум 31%-ро ташкил медод",- қайд намуд ӯ.

Дар умум дар солҳои истиқлолият ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 63 млрд.  сармояи хориҷӣ  ҷалб карда шудааст.

"Ин маблағҳо асосан барои ташаккули соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тиб, маориф ва хоҷагии қишлоқ сарф карда шуданд",- қайд кард Расулзода.

Мавзӯи форум — "Рушди саноати миллӣ ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ" мебошад.  Дар ин ҳамоиш аз 30 кишвар  қариб 400 намояндагони доираҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ  гуфтушунид мекунанд. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ, дарёфти шарикони нав, густариши муносибатҳои минбаъдаи иқтисодӣ, ҳамчунин баланд бардоштани робитаҳои корӣ байни соҳибкорон ва сармоягузоронро баррасӣ карданд.

Қайд гардид, ки мувофиқи ҳисоботи солонаи Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон се сол пайи ҳам — 2010, 2011, 2015 ҳамчун кишвари ислоҳотгар муаррифӣ карда мешавад, ки ин нишондиҳандаи муҳими рушди кишвар тавассути ислоҳот, ташкили инфрасохтори боэътимод ва баланд бардоштани амнияти энергетикӣ мебошад.

Барчаспҳо:
рушди иҷтисод, Форум, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ