Ӯзбакстон аз Тоҷикистон семент харидорӣ мекунад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкХалтаи семент. Акс аз бойгонӣ
Халтаи семент. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумотҳои Вазорати саноати Тоҷикистон сементи маҳаллӣ ба кишвари Ӯзбакистон содир карда мешавад. Пештар Тоҷикистон ин маҳсулоти миллиро ба Афғонистон ва Қирғизистон содир мекард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.Содироти семент аз Тоҷикистон дар семоҳаи гузашта дар соли 2016 — 162 000 тоннаро ташкил дод. Маҳсулот ба Афғонистон (96 ҳзр. тон), Қирғизистон (30 ҳзр. тон) ва Ӯзбакистон(35 ҳзр. тон) фурӯхта мешавад.

Пештар Тоҷикистон ин намуди маҳсулоташро танҳо ба Афғонистон ва Қирғизистон содир мекард.

Қисми зиёди содироти семент ба Афғонистон рост меояд.

Дар соли 2016 дар кишвар қариб 1508 млн тонна семент истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин вақти соли гузашта ба 408 ҳзр. тонна зиёд мебошад.

Ба Русия 65 ҳзр. тонна сементи тоҷикӣ фиристода  шудааст.

Лентаи хабарҳо
0