Гардиши савдои Тоҷикистон бо Русия кам мешавад, бо Чин зиёд

© Sputnik / Амир ИсаевФурӯши харбуза дар бозори Душанбе
Фурӯши харбуза дар бозори Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи охир, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, қариб ба 8 фоиз камтар гардид

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.Кам гардидани ҳаҷми гардиши миёнаи савдо қариб 250 миллион долларро ташкил медиҳад. Гардиши савдои хориҷа дар Тоҷикистон аз моҳи январ то моҳи сентябри соли 2016 — 2 млрду 895 млн. долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондодҳои соли гузашта 7,9% камтар мебошад.

Поён рафтани савдои беруна пеш аз ҳама аз сабаби кам шудани воридоти чӯб, ҳезум, маҳсулоти тайёр, маҳсулот аз растанӣ, маҳсулоти маъдан ва воситаҳои нақлиёт мебошад.

Халтаи семент. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбакстон аз Тоҷикистон семент харидорӣ мекунад

Кам гардидани содироти пахта, сангҳои қимматбаҳо, метал, ҳайвонот ва маҳсулот аз ҳайвонот яке аз сабабҳои дигари кам гардидани савдои хориҷа шудааст.

Русия ва Чин чун пештара шарикони тиҷоратии сиёсӣ боқӣ мемонанд.

Гардиши савдои Тоҷикистону Русия дар 9 моҳи охир қариб 764 миллионро ташкил медиҳад, байни Тоҷикистону Чин бошад — 700 миллион. Дар ҳоле, ки савдо бо Русия то 9,3% кам шуда, бо Чин 32% зиёд гардидааст.

Кишварҳои Қазоқистон, Туркия, Шветсария шарикони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Лентаи хабарҳо
0