19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Тошканд. Акс аз бойгонӣ

Дар Узбакистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда мешавад

© Flickr/ Aleksandr Zykov
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Лоиҳаи фармон оид ба таъсиси чор минтақаи озоди иқтисодӣ дар сайти хизматрасониҳои давлатӣ барои баррасии оммавӣ пешниҳод шудааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва Хоразми Узбакистон чор минтақаи озоди савдо ташкил карда мешавад, фармони мазкур рӯзи сешанбе аз ҷониби иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиеёв қабул гардид.

Лоиҳаи қонун оид ба таъсиси чор минтақаи озоди иқтисодӣ дар сайти хизматрасониҳои давлатӣ барои баррасии омммавӣ пешниҳод шудааст. Дар назар аст, ки авоили моҳи декабри соли равон муҳокимаи оммавӣ ба анҷом расида, қонун барои тасдиқ ба мақомоти болоӣ пешниҳод карда шавад.

Мувофиқи ҳуҷҷат минтақаҳои озоди иқтисодии "Ғиждувон", "Қуқанд", "Ургут" ва "Ҳазорасп" дар давоми 30 сол бо имконияти идомаи фаъолият такшил карда хоҳанд шуд.  Дар минтақаҳои озоди савдо андоз ва гумруки имтиёзнок ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди савдо марказҳои логистикӣ  ва назоратгоҳҳои гумрукӣ сохта мешаванд.

Моҳи октябри соли равон Мирзиёев қарор дар  бораи имтиёзҳои андоз ва гумрукро, барои иштирокчиёни минтақаи озоди савдо ба имзо расонид. Мувофиқи қарор имтиёзҳо барои ҳар як иштирокчӣ ба муддати аз се то даҳ сол, вобаста аз ҳаҷми маблағгузорӣ муайян карда мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон се минтақаи озоди иқтисодӣ  мавҷуд аст-минтақаи озоди саноатӣ-иқтисодии "Навоӣ", (соли 2008 такшил шудааст), минтақаи махсуси саноатии "Ангрен",  (соли 2012) дар вилояти Тошканд ҷойгир аст ва минтақаи махсуси саноатии "Ҷизак", ки дар қисми маркзаии кишвар ҷойгир шуда, моҳи марти соли 2013 таъсис дода шудааст, фаъолият мекунанд.

Дар давоми солҳои фаъолият дар ҳудуди ин минтақаҳо зиёда аз 50 лоиҳа бо маблағи умумии 359 миллион доллар ба роҳ монда шудааст.

Мавзуъ

Бичков: Узбакистон ва Тоҷикистон ғайри дӯстӣ дигар роҳ надоранд
Барчаспҳо:
чор минтақаи нави озоди савдо, Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ