19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Санҷиши гумрукӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Русия намояндагии Хадамоти гумруки Тоҷикистон кушода мешавад

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
42 0 0

Созишнома, ки 23-юми сентябри соли 2015 дар Душанбе ба имзо расида буд, ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русияро дар Тоҷикистон ва намояндагии Тоҷикистонро дар Русия дар назар дорад

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Федератсияи Русия созишномаи байнидавлатиро оиди кушодани намояндагии Хадамоти гумрук бо Тоҷикистон ба тасвиб расонд.

Қонуни мазкур аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин ба имзо расид, гуфта мешавад дар торномаи маълумоти ҳуқуқӣ.

Созишнома, ки 23-юми сентябри соли 2015 дар Душанбе ба имзо расида буд, ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русияро дар Тоҷикистон ва намояндагии Тоҷикистонро дар Русия дар назар дорад

Чунин тадбир ба хотири рушди  ҳамкорӣ миёни Хадамотҳои гумруки ду кишвар ҷиҳати беҳтар намудани ҳаракати мусофирон, боркашонӣ, таъмини ҷамъоварии дурусти боҷҳои гумрукӣ ва тафтишу пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ андешида шудааст.

Ҳамчунин мувофиқи созишнома барои роҳбарон, аъзои оилаи онҳо ва дигар коргарони намояндагии Хадамоти гумрук мувофиқи Конвенсияи Вена оид ба равобити дипломатӣ, ки 18 апрели соли 1961 қабул гардида буд, имтиёзҳои бештар дода мешавад.

Мавзуъ

Хадамоти гумрук: 55 ҳазор доруҳои қалбакӣ нобуд карда шуданд

Мавзӯъҳои асосӣ