19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Дубай. Акс аз бойгонӣ

Сармоягузорони Осиёи Марказӣ ба буҷаи Дубай $4 миллиард ворид карданд

© Sputnik / Григорий Сысоев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Дар давоми се сол аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар хона харидаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти департаменти замини Дубай

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Сармоягузорони хусусӣ аз Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Белорус, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ИДМ дар давоми се сол ба буҷаи Дубай 3,8 миллиард доллар фоида овардаанд.

Дар умум дар давоми се сол 6 ҳазор нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Дубай сармоягузорӣ кардаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба хадамоти департаменти замини Дубай.

Ба гуфти намояндаи бахши сармоягузории департаменти замини Дубай Маҷид Ал Рашид, "дар ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳи сармоягузорон аз кишварҳои русзабон зиёд шуда истодааст". Дар робита бо ин дар нақша аст, ки барои муошират бо муштариёни русзабон хизматрасонии махсус ба роҳ монда шавад.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ташкилоти байнидавлатӣ буда, ба он бештари кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ дохиланд. Ташкилот 8-уми декабри соли 1991 аз ҷониби роҳбарони Белорус, Русия ва Украина таъсис дода шуд. Дар ҳоли ҳозир  Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина шомили ИДМ мебошанд.

Мавзуъ

Парвози аҷоиб дар фазои Дубай
Дарозтарин ҳалқаи тиллоии ҷаҳон дар Дубай сохта шуд
Барчаспҳо:
6 ҳазор нафар харидорони хона дар Дубай, 4 миллиард доллар фоида, департаменти замини Дубай, Дубай, Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ