19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Арриёз - пойтахти Арабистони Саудӣ

Арриёз тайёр аст, ки бо Душанбе ҳамкорӣ кунад

© Sputnik / Александр Юрьев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Намояндагони ду кишвар боварӣ доранд, ки вохӯрии соҳибкорони ҷонибҳо ва намоишгоҳи тоҷирон дар таҳкими муносибатҳо нақши муҳимро мебозад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири фавқуллода ва мухтори Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибн Муҳаммад Албодӣ во хӯрд.

Дар рафти сӯҳбат тарафҳо дар атрофи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва маблағгузорӣ сӯҳбат намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноат.

"Дар рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ вохӯрии соҳибкорон ва намоишгоҳ бо иштироки тоҷирон ва соҳибкорони Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт",- омадааст дар хабар.

Ба фикри Шариф Саид чорабинии намоишӣ дар рушд ва барқарор гаштани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷустуҷӯи ҳамкорони тиҷорӣ, бастани созишномаҳои муфид, маблағгузории лоиҳаҳои муштарк, воридот ва содироти маҳсулотҳои гуногун саҳмгузор хоҳад буд.

Пештар хабар дода шуд, ки Фонди рушди Арабистони Саудӣ мехоҳад дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро амалӣ гардонад. Ғайр аз ин ба наздикӣ Маркази шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон оид ба ёрии гуманитарӣ эълон дошт, ки тайёр аст Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистонро маблағгузорӣ кунад.

Барчаспҳо:
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Сафири фавқуллода ва мухтори Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ