19:00 28 апрели 2017
Пахши мустақим
Хадамоти муҳоҷират дар Волгоград. Акс аз бойгонӣ

Фоидаи муҳоҷирон ба буҷаи Маскав: 13 миллиард рубли русӣ

© Sputnik / Кирилл Брага
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Дар давоми 11 моҳ буҷаи шаҳри Маскав аз ҳисоби муҳоҷирон 13,1 миллиард рубли русӣ пур шуд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Барои шаҳрвандони хориҷии кишварҳои бидуни раводид аз соли 2015 инҷониб дар қаламрави Русия патент ҷорӣ шуд. Имсол буҷаи шаҳри Маскав аз ҳисоби пули патенти муҳоҷирон  13,1 миллиард рубли русӣ фоида кард хабар медиҳад РИА Новости.

"Фоидаи умумӣ аз патенти муҳоҷирон то 5 декабр-13,1 миллиард рублро ташкил дод, соли гузашта ин нишондод ба 14,5 миллард баробар буд",- гуфт сардори шӯъбаи хазинадории Русия Андрей Гурович.

Барои шаҳрвандони хориҷие, ки кишварҳои онҳо бо Русия низоми бераводид доранд, аз соли 2015 патент ҷорӣ шуд. Патен-як навъи ҳуҷҷат буда, чун иҷозатномаи кор истифода мешавад.

Патент аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар муддати 12 моҳ дода мешавад.

"Мақсади асосӣ қонунӣ кардани кори муҳоҷирон дар Русия мебошад",-гуфт Гурович. Ба қавли ӯ бонкҳо дар якҷоягӣ бо ҳукумати Маскав ва Вазорати корҳои дохилӣ низомеро ба кор мондаанд, ки имкон медиҳад маблағи супоридашударо идора кунанд.

"Ҳамин тавр имкон шуд, ки ин низом  ҳам барои шаҳрдорӣ ва ҳам хадамоти муҳоҷират шафофитяи пулсупориро нишон диҳад",-гуфт ӯ.

Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Русия оиди ташкили маркази адаптатсионӣ баром муҳоҷирон фармон баровардааст. Ташкили марказҳои вижа, ҷиҳати ёрӣ додан ба муҳоҷирон барои аз худ кардани забони русӣ ва таъриху асосҳои қонунгузории Русия ба роҳ монда мешаванд.

Баъди омӯзиш муҳоҷирон имкон доранд бо ҷои кор таъмин шаванд. Барои ба чунин марказҳои дохил шудан, муҳоҷирон бояд бо ҳукуматҳои маҳаллӣ шартнома баста, бо пардохти маблағи рамзӣ дар давоми омӯзиш дар марказ зиндагӣ кунанд.

Дар баробари ин ҳукумати Русия масъалаи кам кардани маблағи пардохти патентро баррасӣ хоҳад кард.

Мавзуъ

Даромади муҳоҷирон ба буҷаи Маскав аз ширкатҳои нафтӣ зиёдтар аст
Барчаспҳо:
13,1 миллиард рублей, фоидаи муҳоҷирон ба буҷаи Маскав, Хадамоти муҳоҷират, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ