13:16 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани патент. Акс аз бойгонӣ

Буҷаи Русия аз ҳисоби фурӯши патент 38 миллиард рубл бой шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

То охири моҳи октябри соли равон мувофиқи маълумоти расмӣ маблағи фурӯши патенти муҳоҷирон аз 38 миллиард рубли русӣ зиёдтар шудааст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Фоидаи буҷаи Русия аз ҳисоби фурӯши патент аз аввали соли 2016 то ин дам, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба зиёд шуд.

Имсол ҳаҷми умумии ин маблағ зиёда аз 38 миллиард рубли русиро ташкил дод, изҳор дошт вазири вазорати корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев, хабар медиҳад РИА Новости.

Фурӯши патент ба буҷаи Русия мувофиқи ҳисоботи моҳи октябри соли равон зиёда аз 38 миллиард рубли русиро ташкил дод. Ин нишондод нисбати соли гузашта 1,5 маротиби зиёдтар аст",-гуфт Колоколтсев зимни ҷаласаи Шӯрои Федератсия.

Муҳоҷирон бо маблағи 38 миллиард рубли русӣ аз ҳукумати Русия патент харидорӣ кардаанд.

То охири моҳи октябри соли равон мувофиқи маълумоти расмӣ аз маблағи патенти муҳоҷирон аз 38 миллиард рубли русӣ зиёдтар шудааст.

Мавзуъ

Фоидаи муҳоҷирон ба буҷаи Маскав: 13 миллиард рубли русӣ
Барчаспҳо:
аз фурӯши патент, 38 миллиард рубли русӣ, Владимир Колоколтсев, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ