21:36 20 сентябри 2017
Пахши мустақим
Ҳавопаймои ширкати Уральские авиалинии. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон парвози “Уральские авиалинии”-ро манъ кард

© Sputnik / Виталий Аньков
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
14611

Тоҷикистон парвози ширкати "Уральские авиалинии"-ро чун амали ҷавобӣ ба манъи парвози “Сомон Эйр”, аз чор шаҳри Русия қатъ кард

ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро барои ширкати ҳавоии  "Уральские авиалинии"  аз чор шаҳри Русия баст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба раиси департаменти авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов.

Сухан дар бораи парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии" аз шаҳрҳои Красноярск, Уфа, Челябинск ва Краснодар меравад.

Раҳмонов қайд кард, ки қарор дар бораи манъи парвоз аз рӯзи ҷумъа соати 12.00 ба вақти маҳаллӣ роҳандозӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи гуфтушунид, ки миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистону Русия дирӯз дар Маскав ба амал омад, ҷонибҳо ба мувофиқа нарасиданд. Ҳамин тавр ҷониби Русия паврози ширкати "Сомон Эйр"-ро ба якқатор шаҳрҳои Русия манъ карда, Тоҷикистон дар навбати худ чун амали ҷавобӣ, парвози ширкати "Уральские авиалинии"-ро аз чор шаҳри Русия баст.

Мавзуҳо:
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
Барчаспҳо:
аз чор шаҳри Русия, баста шудани алоқаи ҳавоӣ, парвоз, Уральские авиалинии, Сомон Эйр, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ