01:39 31 марти 2017
Пахши мустақим
нархи билети парвоз ба Русия. Акс аз бойгонӣ

Нархҳои осмонӣ: нархи билети ҳавопаймо гарон шуд

© Sputnik / Алексей Куденко
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
74 0 0

Билети ҳавопаймо барои парвоз ба Русия 3200 сомонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik, Сергей Кузнетсов. Ширкатҳои ҳавоии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" бо оғози фасли баҳор нархи билети парвоз ба Русияро дар андак замоне аз 1700 сомонӣ (209 дулор) то 2800 — 3200 сомонӣ (393 дулор) гарон карданд.

Дар паи афзоиши нархи билет Идораи ҳавопаймоии кишварии Вазорати нақлиёт ва Созмони зиддиинҳисори Тоҷикистон бозрасии далоили ин қазияро оғоз кардааст.

Муовини мудири Идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон Анвар Гулов дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт: "Ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз он рӯ нархи билетҳоро гарон кардаанд ки медонанд ки медонанд, ки бо фаро расидани фасли баҳор, харидори билет аз Тоҷикистон ба Русия бисёр мешавад. Баҳор — фасли муҳоҷирати корӣ аст. Нархҳо, дар воқеъ, осмонӣ шудаанд, аз ин рӯ Идораи мо бо намояндагони ширкатҳои ҳавоӣ гуфтугӯ кард ва ҳушдорашон дод, ки барои афзоиши нарх нисбати онҳо чораҷӯӣ хоҳад шуд".

Боре, ҳарчанд Вазорати нақлиёт ширкатҳои ҳавопаймоиро ҳушдор медиҳаду таҳдид мекунад, аммо нархи билет ҳамоно гаронтар мешавад. Чунончи, чанд рӯз пеш аз ин билети парвоз аз Тоҷикистон ба Русия 2600 сомонӣ (319 дулор) буд, вале имрӯз ҳамон билет 3200 сомонӣ (393 дулор) шудааст.

Азиз Мирзоев, шаҳрванде ки панҷ сол боз дар Русия кор мекунад, дар вокуниш ба гаронии нархи билет гуфт: "Ман мехостам барои парвоз ба Красноярск билет бихарам. Вале дидам, ки нархи билет "осмонӣ" шудааст. Акнун дудилам, ки бимонам ё биравам. Вале, дар воқеъ, бояд парвоз кунам, чун дар он ҷо хонавода дорам ва фасли кор ҳам оғоз шудааст".

Ба гуфти ӯ, афзоиши нархҳо бештар аз ҳама бар муҳоҷирони корӣ асару таъсир хоҳад кард. Вале онҳо чорае ҷуз ин надоранд, ки билетро бо ҳар нархе ки ширкатҳо таъйин мекунанд, бихаранд то Русия барои кор бираванд.

Аммо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ мегӯянд, нархи билет гаронтар аз ин ҳам хоҳад шуд. Дар яке аз билетфурӯшиҳои Душанбе ба хабарнигори мо гуфтанд: "Ҳамеша чунин буда ва дар баҳору тирамоҳ нархи билетҳо гарон мешавад. Имрӯз нархи билет 3200 сомонӣ аст, вале ҳеч замонате нест, ки фардо бо ҳамин нарх билет пайдо кунед".

Вале гаронии нархи билет ба Русия аз шумори харидорон ҳаргиз кам накарда ва харидори аслӣ ҳамоно муҳоҷирон ҳастанд. Чуноне ки муовини вазири кору пешаварӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев мегӯяд, теъдоди мусофирон ба Русия кам намешавад.

Вай тавзеҳ медиҳад, ки ҳарчанд теъдоди муҳоҷирон имсол дар қиёс бо ҳамин фасл дар соли гузашта кам шуда, вале ин раванд на ба нархи билет, балки ба бӯҳрони иқтисодӣ вобаста аст.

"Соли гузашта дар ҳамин фасл теъдоди муҳоҷироне, ки Русия рафта буданд, ба 80 ҳазор кас расида буд. Имсол ин омор камобеш 3 то 4 дарссад бо ҳам фарқ мекунанд. Ва далелаш ҳам нархи гарони билет нест, балки буҳрони иқтисодӣ дар Русия аст", — мегӯяд Нурулло Маҳмадуллоев.

Мавзуъ

“Ямал” то дарёфти муҷаввизи Душанбе ба Бишкек низ парвоз нахоҳад кард
Air India 34 кормандашро ба далели фарбеҳ будан аз ширкат дар парвоз бар канор кард
"Узбекские авиалинии" аз моҳи апрел ба Душанбе парвоз мекунанд
"Зери коса нимкоса": Чаро Тошканд парвоз аз Душанберо напазируфт?
Барчаспҳо:
билет, ҳавопаймо, Созмони зиддиинҳисор, Идораи ҳавопаймоии кишварӣ, Тоҷик Эйр, Сомон Эйр, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ