18:16 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Мулоқоти намояндагони бонки милии Тоҷикикстон бо Биржаи Маскав

Биржаи Маскав ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмак мекунад

© Фото: сайт НБТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
13112

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва узви Раёсати Биржаи Маскав Игор Марич роҳҳои густариши ҳамкориҳои дусӯяро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми Бонки миллӣ, намояндагони БМТ  ва Биржаи Маскав дар мавзуъи ҳамкорӣ барои густариши низоми бонкӣ дар кишвар ба мувофиқа расиданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамтоёни русашро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар ошно намуд ва гуфт, ки бо вуҷуди мушкилоти давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мешаванд.

Мулоқоти раиси бонки миллӣ бо намояндагони биржаи Маскав
Мулоқоти раиси бонки миллӣ бо намояндагони биржаи Маскав

Игор Марич низ дар ин дидор таъкид кард, ки ҳадаф аз мулоқот бо раҳбарии БМТ роҳандозии ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон аст.

Ӯ дар бораи анҷоми амалиёти бонкӣ тавассути биржа бо баҳрагирӣ аз аҳрумҳои гуногун ва маҳсулоти дигари ҷолиб гузорише пешниҳод кард. 

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи роҳу чораҳои рушди бозори арзи хориҷӣ бо дарназардошти имконоти Биржаи Маскав, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва хариду фурӯши сомонӣ-рубл табодули назар намуданд.

Раиси бонки миллӣ таъкид кард, ки  барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар ин замина таҳлилу омӯзиши дақиқи ин бозор дар шароити иқтисодии Тоҷикистон зарур аст.

Мавзуъ

Бонки миллии Тоҷикистон сафтабозонро муттаҳам ба коҳиши арзиши сомонӣ кард
Бонки ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмакӣ фаннӣ мекунад
Бонки миллии Тоҷикистон бо Thomson Reuters музокирот мекунад
Барчаспҳо:
бозори асъори хориҷӣ, мулоқот, Бонки миллии Тоҷикистон, Игор Марич, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ