15:17 23 июни 2017
Пахши мустақим
Кӯдакон бо либоси атлас

Истеҳсоли 2872 метр матои атласу адрас дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
2810

Давоми 5 моҳи соли 2017 аз ҷониби ҳунармандон ноҳияи Ҷаббор Расулов 2782 метр матои атласу адрас ва 47 қолин истеҳсол карда шудааст

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Тавре хадамоти матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 6 маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ фаъолият мекунанд. Дар ин марказҳо 20 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 28 адад дастгоҳи қолинбофӣ мавҷуд аст. Марказҳои мазкур 208 нафар шогирд ва 13 нафар устодро фарогир буда, мутобиқи нақшаи соли 2017 ба ҳунармандӣ 350 нафар занҳои хонашин ва духтарон бояд ҷалб карда шаванд.

Тибқи гузориши манбаъ, давоми 5 моҳи соли 2017 аз ҷониби ҳунармандони ноҳия 2782 метр матои атласу адрас ва 47 қолин истеҳсол карда шудааст. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Марҳамат Каримова қайд намуд, ки занон ва духтарони ҳунарманди ноҳия пайваста барои дарёфти грантҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд дархост пешниҳод менамоянд.

Илова бар ин, дар соли 2015 Бихалича Абдуллоева ба гирифтани гранти президентӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва соли 2016 Гулафшон Солеҳова ба гирифтани гранти Раиси вилоят ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сазовор дониста шудаанд. Умуман, 200 нафар бонувони ноҳия бо шаҳодатномаи ҳунармандӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Барчаспҳо:
атлас, истеҳсол, ҳунармандон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ