15:26 23 июни 2017
Пахши мустақим
Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ

Яъқубӣ: имзои беш аз 70 қарордоди ҳамкорӣ бо тоҷирони узбак дастоварди бузурге аст

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
6321

Намоишгоҳи байналмилалии тиҷории “Суғд - 2017” корашро дар Хуҷанд ба поён расонд. Дар ду рӯз дар ин намоишгоҳ беш аз сад паймони ҳамкорӣ баста шуд, чаҳор баробар бештар аз порсол аст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар ин намоишгоҳи тиҷорӣ беш аз дусад ширкату корхонаҳои санъатӣ ва бунгоҳҳои фароварии тавлидоти кишоварзӣ аз саросари Тоҷикистон, бонкҳо, ширкатҳои сохтусозӣ ва таробарӣ аз 10 кишвар тавлидоту хадатамоташонро пешкаши боздидкунандагон кардаанд. Ҳамчунин намояндаҳои 23 созмону ниҳоди байналмилалӣ низ аз ин намоишгоҳ боздид карданд.

"Дар чорӯби ин намоишгоҳ куллан наздики 100 қарордоди ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум имзо шуд. Бештар аз ҳама — 73 қарордоди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Узбакистон баста шуд. Ин қарордодҳо дар мавзуъи воридоту содироти фаровардаҳову маҳсулот аст, ки аз фардо иҷроӣ хоҳанд шуд. Маблағи куллии ин қарордодҳо 2,5 милюн дулор аст", — гуфт дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ.

Ба бовари вай, аз таҷрибаи соли гузашта метавон гуфт, ки ҳама қарордодҳое, ки дар намоишгоҳи "Суғд " имзо шуданд, иҷро мешаванд.

"Дар чорчӯби ҳамоиши бозаргонӣ камобеш 70 қарордод имзо шуда, ин дастоварди бузурге аст", — таъкид кард вай.

Яъқубӣ ҳамчунин гуфт, ки корофаринони русу тоҷик 4 — 5 қарордоди ҳамкорӣ барои иҷрои тарҳҳои бузург, аз ҷумла бозроҳандозии хатти троллейбус дар шаҳри Хуҷанд, имзо карданд.

Муовини раиси вилоят ҳамчунин хабар дод, ки моҳи сентябр ҳайъате аз корофаринону бозаргонони тоҷик барои ширкат дар намоишгоҳи тиҷории Тоҷикистон дар Узбакистон ба Тошканд сафар хоҳад кард.

Мавзуъ

Намоишгоҳи "Суғд - 2017": меҳмоннавозии тоҷикҳо ва дастовардҳои узбакҳо
Барчаспҳо:
намоишгоҳи "Суғд -2017", Анвар Яъқубӣ, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ