09:41 24 августи 2017
Пахши мустақим
Рӯнамои бренди нави худрави  RAVON

Дар Душанбе маркази фурӯши худравҳои сохти Узбакистон бунёд мешавад

© Sputnik / Евгения Новоженина
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
14342

Коршиносони тоҷик мегӯянд, худравҳои "Ravon" аз барои арзон буданашон дар Тоҷикистон бештарин харидорро хоҳанд дошт

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душабе маркази фурӯши худравҳои сохти Узбакистон бунёд мешавад, иттилоъ медиҳад хабаргузории Тоҷик ТА.

Имрӯз ҳайъате аз давлати Узбакистон ва бахши хусусӣ ба роҳбарии нахуствазир Улуғбек Розуқулов ба Тоҷикистон омад.

Қарор аст, ки Розуқулов дар ин сафар бо муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ мулоқот хоҳад кард. Дар ин мулоқотҳо тарҳи бунёди маркази фурӯши худравҳои сохти Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Ҳайъати узбакӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз дидан хоҳад кард.

Интизор меравад, ки дар натиҷаи ҳамоиши тоҷирони ду кишвар, ки рӯзи 21 июн баргузор мешавад, намояндагони Тоҷикистон ва Узбакистон чанд санади ҳамкорӣ имзо кунанд.

Ҳафтаи гузашта соҳибкорони ду кишвар дар намоишгоҳу фурӯшгоҳи тиҷориву иқтисодии "Суғд — 2017" дар Хуҷанд дидор карда ва 70 қарордод ба маблағи куллии 2,5 милюн дулор имзо карда буданд.

Мавзуъи фурӯши худравҳои узбакӣ дар Тоҷикистон дар паи баргузории намоишгоҳи санъатии Узбакистон дар Душанбе матраҳ шуда буд. дар чорӯби он намоишгоҳ ширкатҳои "Тоҷмоторс" ва "Ӯзбексаноат" ба маблағи 35 милюн дулор қарордоди фурӯшу хариди худрав баста буданд.

Ширкати худравсози Ravon ҳамчунин дар назар дорад дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ кунад.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, худравҳои "Ravon" аз барои арзон буданашон дар Тоҷикистон бештарин харидорро хоҳанд дошт.

Барчаспҳо:
худрав, фурӯш, марказ, Улуғбек Ризоқулов, Рустам Эмомалӣ, Давлаталӣ Саид, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ