05:33 25 июли 2017
Пахши мустақим
Бозори Панҷшанбе дар шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Нигаронии раиси вилояти Суғд аз гарон шудани нархи наво дар бозорҳо

© Sputnik Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
149 0 0

Раиси вилояти Суғдро гарон шудани нархи сабзавот, аз ҷумла картошкаю пиёз ва сабзӣ дар бозорҳо нигарон кардааст. Ӯ ба масъулин супориш додааст, ки омилҳои воқеъии афзоиши нархи тараборро омӯзанд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд дар ҷаласе, ки 14 июл ба раёсати Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд, раванди рушди иқтисодиву иҷтимоъии вилоят дар шаш моҳи соли равонро ҷамъбандӣ кард.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар ин ҷаласа муъовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, раҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъул ширкат карданд.

Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки маҷмуъи тавлидоти вилоят дар ин давра ба 6,4 милёрд сомонӣ расида, ки  нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 830 милюн сомонӣ бештар аст.

Корхонаҳои санъатӣ дар ин давра ба маблағи 4,3 милёрд сомонӣ коло тавлид кардаанд, ки 137,3 дарсад оҳанги рушдро нишон медиҳад.

Ҳамчунин дар ин давра ҳаққи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби муштариён 88,9 дарсад ва аз ҷониби аҳолӣ 99,3 фисад ҷамъоварӣ гардидааст.

Барои омода кардани вилоят ба мавсими зимистон дар шаҳру ноҳияҳо 82 ҷойгоҳи фурӯши ангишт ва 406 ҷойгоҳи фурӯши гази моеъ фаъолият карда, дар муассисаҳои иҷтимоъӣ 796 тон ангишт захира гардидааст. Кишоварзони вилоят дар ҳаҷми 1,2 милёрд сомонӣ тарабор тавлид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсад бештар аст.

Майдони кишти зироатҳо, аз ҷумла пахта, 6500 ҳектор ва картошка 784 ҳектор афзун шуда, ҳамзамон 4800 ҳектор замин дар навоҳии Истаравшану Зафаробод ва Ашту Масчо аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.

Дар вилоят, дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ, беш аз 65 ҳазор бунгоҳи кишоварзӣ ташкил шуда, барои таъмир ва барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ соли ҷорӣ аз будҷаи вилоятӣ 5,1 милюн сомонӣ равона гардидааст.

Дар шаш моҳи соли равон вилояти Суғд бо 48 кишвари ҷаҳон равобити иқтисодиву тиҷориро ба роҳ монд ва 230,7 миюлн дулор коло содир кардааст.

"Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоъии вилоят аз гарон шудани нархи тарабор, аз ҷумла картошкаву пиёзу сабзӣ дар бозорҳо нигаронӣ карда, дастур дод, ки омилҳои воқеъии афзоиши нархи маҳсулот омӯхта шаванд", — омадааст дар иттилоъия.

Дар ин маҷлис ҷамъоварӣ нашудани чаҳор навъи молиёт ва мавҷуд будани 23,7 милюн сомонӣ қарзи андоз дар шаҳри Хуҷанд масъалаи ҳаллталаб дониста шуд.

Мавзуъ

Раиси вилояти Суғд ба ҷавонони маъюб 100 ҳазор сомонӣ ҳадя кард
Абдураҳмон Қодирӣ аз минтақаҳои офатзадаи вилояти Суғд боздид кард
Тағйироти кадрӣ дар вилояти Суғд: роҳбари дастгоҳи раиси вилоят иваз шуд
Дар вилояти Суғд 99 дарсади кӯдакон аз хатари бемории сурхча эмин шуданд
Барчаспҳо:
болоравии нархи наво, сабзавот, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ