Гумрук: Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 12 дарсад коҳиш ёфтааст

© AP / EyePress, FILECoins and banknotes of the Chinese yuan are set up together with a U.S. dollar
Coins and banknotes of the Chinese yuan are set up together with a U.S. dollar - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коҳиши 12-дарсадии ҳаҷми гардиши молии тиҷорати хориҷии кишвар дар шаш моҳи нахусти соли равон хабар дод

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар гузорише эълом карда, ки ҳаҷми гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали имсол дар муқоиса бо порсол 16 дарсад коҳиш дошта аст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, 34 дарсад аз ҳаҷми кулли колои воридотӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад ва асосан маводди сӯхтӣ, хӯрокворӣ ва маҳсулоти сохтмониро дар бар мегирад. Ин рақам Русияро дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бартар аз дигар кишварҳои содиркунандаи умдаи маҳсулот мегузорад.

Пас аз он Қазоқистон бо 19 дарсад дувумин кишвар воридкунандаи маҳсулот ба бозорҳои Тоҷикистон аст. Тоҷикистон аз ин кишвар бештар орд, гандум,  гози моеъ ва масолеҳи сохтмонӣ мехарад.

Чин дар ин рада севумин ҷойгоҳро дорад. Ҳаҷми воридоти колоҳои чинӣ ба Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол 18 дарсад буда, вале аз Туркия 4 дарсад, Олмон — 3 дарсад, Эрон, Узбакистон ва Туркманистон танҳо 2 дарсадро ташкил додааст.

Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар ин давра ба Қазоқистон беш аз 35 дарсад, Туркия — 22 дарсад, Тайван — 7,3 дарсад, Афғонистон — 6,5 дарсад, Узбакистон — 5,6 дарсад, Чин — 4,1 дарсад, Эрон — 2,2 дарсад, Русия, Амрико, Покистон ва Итолиё — 1,5 дарсадро дар бар мегирад.

Тоҷикистон дар муддат бо беш аз 100 кишвар хариду фурӯш доштааст.

Гуфтанист, дар нимаи нахусти соли равон ҳаҷми гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсуд 964 милюн дулор ё камубеш 58 дарсад ва бо кишварҳои фароминтақаӣ беш аз 718 милюн дулор ё беш аз 42 дарсадро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0