Бозаргонҳои тоҷику афғону белорусӣ дар Кохи Борбад ҳамоиш мекунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешФлаг Таджикистана и Белоруссии, архивное фото
Флаг Таджикистана и Белоруссии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе нахустин Ҳамоиши тиҷории Тоҷикистону Афғонистону Белорус баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бозаргонҳои Тоҷикистону Афғонистону Белорус нахустин ҳамоишашонро дар чорчӯби намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон 2017" баргузор мекунанд.

Ин ҳамоишро утоқҳои бозаргониву саноеъи се кишвар бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Белорус ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни бунгоҳҳои иқтисодии Белорус ва Афғонистон баргузор мекунанд.

Кохи Борбад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон-2017" дар шаҳри Душанбе бар по мешавад

Ҳайъати тиҷории Белорус ба раҳбарии муъовини раиси УБС Белорус Сергей Набешко барои ширкат дар ин ҳамоиш ба Душанбе сафар карда ва намоядаҳои ширкатҳои мошинсозии БелАЗ, МАЗ, АМКОДОР ва тавлидкунандаҳои маводди хӯрокӣ, дору ва дигар бахшҳои иқтисодии ин кишварро дар бар мегирад.   

Намоишгоҳ — фурӯшгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон — 2017" аз 27-ум то 29-уми июл дар "Кохи Борбад" баргузор хоҳад шуд.

Бино ба иттилоъи равобити умумии Утоқи бозаргониву саноеъи ҶТ, дар ин намоишгоҳ бозаргонҳо ва ширкатҳо аз кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Русия, Афғонистон, Белорус, Имороти муттаҳидаи Арабӣ, Куреи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Лаҳистон, Олмон, Покистон ва Эрон маҳсулоташонро ба намоишу фурӯш мегузоранд.

Утоқи бозаргониву саноеъ ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳро "тавсеъаи ҳамкориҳои бозаргониву иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷазби сармоягузорон барои тавсеъаи иқтисоди миллӣ, эҷоди ширкатҳои муштарак ва афзоиши имконоти содироти Тоҷикистон" гуфтааст.

Дар ин намоишгоҳ бахшҳои сохтусоз, энергетика, корафзорҳои кӯҳканӣ, металлургӣ, саноеъи кимиёӣ, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, дармону беҳдошт, саноеъи сабук (таҷҳизот ва фанноварӣ), гардишгарӣ, таҷҳизоту фанновариҳои тавлидӣ, бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва дигар риштаҳо муаррифӣ карда мешавад.

Дар чорчӯби ин намоишгоҳ ҳамчунин ҳамоиши бозаргонӣ бо ҳузури бозаргонҳову корофаринони тоҷикӣ ва хориҷӣ баргузор мешавад.

Утоқи бозаргониву саноеъ намоишгоҳ — фурӯшгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон — 2017"-ро бо ҳимояти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0