Тоҷикистон колоҳои санъатияшро дар Тошканд намоиш медиҳад

© Sputnik / Стас ЭтвешТоргово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017
Торгово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин намоишгоҳи миллии колоҳои санъатии Тоҷикистон қарор аст моҳи сентябр дар пойтахти Узбакистон баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раисони утоқҳои бозаргониву саноеъи Тоҷикистон ва Узбакистон Шариф Саид ва Адҳам Икромов масоъили баргузории нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии Тоҷикистонро дар Тошканд баррасӣ карданд.

Нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Ба иттилоъи равобити умумии Утоқи бозаргониву саноеъи ҶТ, Нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии Тоҷикистон қарор аст моҳи сентябр дар пойтахти Узбакистон баргузор шавад. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои санъатии Тоҷикистон дастовардҳояшонро дар заминаи мошинсозӣ, саноеъи сабуку хӯрокворӣ, бофандагӣ, металлургӣ, дастсохтаҳо ба намоиш хоҳанд гузошт.

Дар чорчӯби ин намоишгоҳ баргузории нишасти бозаргонону корофаринони ду кишвар низ барномарезӣ шудааст.

Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳро раиси УБС ҶТ Шариф Саид амалисозии тавофуқҳое гуфтааст, ки дар чаҳорумин ҷаласаи Комисюни ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии давлатҳои ҶТ ва ҶУ ҳосил шуда буданд. Аз дигар ҳадафҳои ин намоишгоҳ густариши равобити бозаргонӣ, иқтисодӣ, илмиву фаннӣ миёни ду кишвар ва бунёди ширкатҳои муштарак ва пайдо кардани шарикҳои тиҷорӣ эълом шудааст.

Лентаи хабарҳо
0