20:11 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Деньги, архивное фото

Арзиши сомонӣ ҳамчунон рӯ ба коҳиш меравад

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон пешбинӣ карда, ки то соли 2020 арзиши ҳар як дулор ба 10 сомонӣ хоҳад расид ва тавсия карда, ки созмонҳову бунгоҳҳои иқтисодии давлатӣ ин рақамро дар фаъолиятҳои худ дар назар бигиранд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба таҳлиле, ки Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон, дар вебгоҳаш мунташир карда, дар соли 2018 ҳар 1 дулор бо 9 сомонӣ ва дар соли 2019 бо 9 сомониву 50 дирам баробар хоҳад буд.  

Бар асоси ин пешбинӣ, ки ба тайиди ҳукумати Тоҷикистон расида, арзиши ҳар як дулор дар соли 2020 ба 10 сомонӣ хоҳад расид.

Ҳарчанд имсол дар будҷаи Тоҷикистон арзиш ҳар дулор 9 сомониву 16 дирам пешбинӣ шудааст, вале дар муомилоти рӯз дар бонкҳо ва бунгоҳҳои молии таҳти назорати Бонки миллии Тоҷикистон нархи ҳар дулор 8 сомониву 80 дирам аст.  

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 барои пешгирӣ аз коҳиши арзиши сомонӣ беш аз ҳазор саррофиро дар саросари кишвар баст, ки чандон таъсире нагузошт ва раванди коҳиши арзиши сомонӣ ҳамчунон идома ёфт.

Мавзуъ

Бонки миллии Тоҷикистон сафтабозонро муттаҳам ба коҳиши арзиши сомонӣ кард
Коҳиши дубораи арзиши сомонӣ ва камёб шудани дулор дар Тоҷикистон
Барчаспҳо:
коҳиш, дулор, сомонӣ, нарх, арзиш, Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ