07:22 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Харбуза. Акс аз бойгонӣ

То Русия нарасид: 18 тонна харбузаи Афғонистон дар Тоҷикистон пӯсид

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
222 0 0

Ҳаждаҳ тонна харбузаи Афғонистон ба Русия нарасида дар Тоҷикистон вайрон шуд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Хабаргузории Тоҷик.ТА бо истинод ба расонаҳои афғонӣ менависад, ки харбузаҳо бо иллати набуди иҷозати убури марз? шаш рӯз дар Тоҷикистон мондаанд.

Масъуд Ваҳдат раиси бахши содироти бозаргонии Қундуз бар он аст, ки таъхирҳо барои он аст, ки Тоҷикистон низ яке аз содиркунандагони харбуза барои Русия мебошад.

Палатаи савдо ва саноати Афғонистон аз иқдом накардани Афғонистон барои ҳалли ин мушкилот, нигарон аст.

Таҳлилгари афғон Ҳошим Расулӣ қайд кардааст, ки Афғонистон содиркунандагонро ҳимоя намекунад.

Имконот зиёд аст. Масалан ҳукумат метавонист ба Созмони тиҷории ҷаҳонӣ шикоят барад. Чунин ҳодиса ҳамчунин бо меваҷоти Афғонистон, ки бояд ба Ҳиндустон содир мешуд рух дод.

Барои тоҷирони Афғонистон бозори Русия бисёр муҳим аст, чун нархи маҳсулоти полезӣ ин ҷо нисбат ба Афғонистон ба маротиб болотар аст.

Мавзуъ

Латиф Пидром: Ҷанги Афғонистон ва чолишҳои Осиёи Марказӣ
Эрону Афғонистон роҳҳои оҳанашонро ба ҳам пайванд мекунанд
Замир Кабулов: Стротежии Амрико дар Афғонистон ноком шуд
Барчаспҳо:
пӯсид, 18 тонна, харбуза, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ