Дар Душанбе Иди асал ва харбуза баргузор мешавад

© Sputnik Неделя культуры Бадахшана в Согде
Неделя культуры Бадахшана в Согде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷашни "Харбуза ва асал" аз аввалҳои моҳи август дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар оғоз меёбад. Ин ҷашн дар пойтахт 30 - 31-уми август баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки ин ниҳод ҳамроҳ бо шаҳрдории Душанбе дар чаҳор минтақаи пойтахт Иди "Харбузаву асал" ва бозори маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мекунад.

Вазорати кишоварзӣ барои шукуҳ бахшидан ба ин ҷашнвора озмун баргузор хоҳад кард, ки дар он беҳтарин кишоварзон ширкат карда маҳсулоти хешро пешкаши пойтахтнишинон мегардонанд.

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, дар ҷашнвораи харбузаву асал ва намоишгоҳи кишоварзӣ маҳсулот бо нархи арзон фурӯхта хоҳанд шуд.

Ғолибони озмун ва беҳтарин полизкорону занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои ёдмон сарфароз гардонида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0