Чипси бадахшонӣ: соҳибкоре дар Хоруғ коргоҳи истеҳсолӣ бунёд кард

© Фото : Аз бойгонии Нилуфар АсламшоеваИстеҳсоли чипс дар Бадахшон
Истеҳсоли чипс дар Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Садрия Мародмамадова бунёд шудааст

ДУШАНБЕ, 11 сент — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, дар ин корхона коркарди меваю сабзавоти Бадахшон коркард мешавад.

Барои омода намудани маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаи "Mountain foods" аз маҳсулоти хоми маҳаллӣ истифода мешавад. Яке аз маҳсулоти ниҳоии корхона "Popato chips" мебошад.

1/4
Чипсҳои маҳаллӣ

Дар маросими ба баҳрабардорӣ додани корхона, муовини сарвазири Тоҷикистон Мамадтоҳир Зокирзода ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Корхонаи коркарди меваю сабзавот дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ сохта шуда, дар остонаи 26-умин солгарди Рӯзи истиқлол ифтитоҳ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0