01:07 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон ждар ноҳияи Дарвоз

Даъвати Раҳмон аз соҳибкорони ВМКБ: барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ кӯшиш кунед

© Пресс служба президента РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
422 0 0

Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки баробари таҷдиду навсозии роҳҳо, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ шумораи меҳмонони хориҷӣ ба ВМКБ бештар мешавад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто аз соҳибкорони давлатӣ даъват карда, ки дар баробари маблағгузориҳои ҳукуматӣ барои бунёди инфрасохторҳои сайёҳӣ соҳибкорон ҳам кӯшиш кунанд.

"Бовар дорам, ки баробари таҷдиду навсозии роҳҳо, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ шумораи меҳмонони хориҷӣ ба ин мавзеи зебоманзари диёрамон бештар хоҳанд гардид. Дар ин самт дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ, инчунин, соҳибкорони ватанӣ низ бояд кӯшиш намоянд", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ВМКД дар ноҳияи Дарвоз.

Раисҷумҳур дар бораи табиати ВМКБ ва имконоти рушди гардишгарӣ дар Дарвоз гуфтааст, ки оянда ин мавзеъ яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии кӯҳнавардӣ хоҳад шуд.

"Сайёҳӣ дар тамоми дунё, аз ҷумла кишвари мо низ аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд ба воситаи ноҳияи Дарвоз вориди вилояти Бадахшон гардида, аз мавзеъҳои нотакрору афсонавӣ, боду ҳавои форам, расму ойин ва ҳунарҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ — кӯли Сарез, Гармчашма, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибифотимаи Заҳро, Боғи ботаникии Помир, қаторкӯҳу пиряхҳои ҳудуди вилоят, инчунин, шаҳри қадимаи Карон, истироҳатгоҳи Чорчаман, дараҳои зебоманзари Хост, Гушун, Висхарв ва умуман, табиати ин гӯшаи зебои ватанамон, яъне ноҳияи Дарвоз баҳраманд шаванд", — гуфтааст раисҷумҳур.

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо мудири Бонки Исломии Рушд қитъаи "Шӯробод-Шоҳон"-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб Қаъаи Хумбро ба баҳрабардорӣ расонид.

Ҳамчунин дар ин сафари кории худ, раисҷумҳур дар маросими супоридани калидҳои хона ба 21 хонаводаи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвозро, ки аз сел хароб шуда буданд, ширкат кард.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ сафар кард
Барчаспҳо:
суҳбат бо мардуми Дарвоз, Эмомалӣ Раҳмон, Дарвоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ