06:16 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Сармоягузорони чинӣ соҳаи сайёҳӣ ва кӯҳкориро дар ВМКБ рушд медиҳанд

CC BY-SA 2.0 / Eric Haglund / IMG_0541
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
15120

Ин масъалаҳоро раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сармоягузорони Чин баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 17 сен- Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, дирӯз раиси вилоят бо намояндагони Чин дидор ва мулоқот кардааст.

Сармоягузорони чинӣ барои ширкат дар Форуми соҳибкорон ва сармоягузорон "Помиринвест 2017" ба шаҳри  Хоруғ омадаанд.

Намояндагони Чин аз табиати зебои Тоҷикистон ёдовар шуда, рушди сайёхиро аз мухимтарин ва сердаромадтарин соҳаҳо арзёбӣ кардаанд.

"Дар баробари ин бо дарназардошти канданиҳои зиёди зеризаминӣ метавон дар вилоят соҳаи куҳкориро равнақ дод", гуфтаанд сармоягузорони чинӣ.

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед аз ширкати сармоягузорони чинӣ дар Форум изҳори сипос намуда, ҷонибхо ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба ба мувофиқа расидаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ соҳибкорони маҳаллиро барои рушди соҳаи гардишгарӣ дар ин минтақа даъват карда буд.

"Бовар дорам, ки баробари таҷдиду навсозии роҳҳо, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ шумораи меҳмонони хориҷӣ ба ин мавзеи зебоманзари диёрамон бештар хоҳанд гардид. Дар ин самт дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ, инчунин, соҳибкорони ватанӣ низ бояд кӯшиш намоянд", — гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ВМКД дар ноҳияи Дарвоз.

Мавзуъ

Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?
Барчаспҳо:
сармоягузорони чинӣ, мулоқот, Шодихон Ҷамшед, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ