10:48 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Роҳи оҳан ва газ: Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард

© Фото: Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
46010

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ бо раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 17 сен- Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъвати иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёсӣ изҳори сипос кардааст.

Муколамаҳои пайвастаи ду кишвар дар сатҳи олӣ дар рушди ҳамкориҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Туркманистон муҳим арзёбӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз богйонӣ
© Фото: пресс-служба президента Таджикистана

Дар ин дидор гуфта шудааст, ки Тоҷикистону Туркманистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳои хубу дӯстона доранд ва кишварҳо омодаанд, то бо истифода аз фурсату имконоти мавҷуда барои ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ муносибатҳоро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов аз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ёдовар шуда, баргузории комиссияҳои байниҳукуматиро баррасӣ кардаанд.

Соҳаҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар энергетика, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва гардишгарӣ гуфта шудааст.

Ҷонибҳо масъалаҳои сохтмони хати лӯлаи гази Туркманистон — Узбакистон — Тоҷикистон — Қирғизистон — Чин ва лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон — Тоҷикистон ёдоварӣ шудаанд.

 

Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ