23:44 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Узбекские и Таджикские деньги в руках, архивное фото

Нархи арз ба ҷои фасод: монеаҳои рушди тиҷорат дар Тоҷикистон

© Sputnik Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

Коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисод бар ин боваранд, ки бозаргонӣ дар Тоҷикистон ба иллати таваррум ва боло будани молиёт рушд намекунад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар радабандии рақобатпазирии кишварҳои ҷаҳон дар заминаи рушди тиҷорат ду зина пойин рафтааст. Дар феҳристе, ки коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисод (ФҶИ) омода кардаанд, Тоҷикистон аз 77-умин ҷойгоҳ ба 79-умин расидааст.

Аммо ҷолиб на ҷойгоҳи кишвар дар ин радабандӣ, балки омилҳое ҳастанд, ки монеъи аслии рушди тиҷорат дониста шудаанд.

Пеш аз ин яке аз муҳимтарин авомиле, ки роҳи корофаринӣ ва бозаргониро мебаст, фасод дониста мешуд. Вале дар ду соли ахир чунин ба назар мерасад, ки ё ҳукумати кишвар тавониста фасодро маҳор кунад ва ё ба далоили номаълуме дигар касе аз корофаринону бозаргонон ришва намехоҳад. Дар охирин радабандии ФҶИ фасод панҷумин ҷойгоҳро дар миёни омилҳои мушкиловар дошт, вале имсол онро дар ҳафтумин ҷойгоҳ қарор додаанд.  

Акнун коршиносони ФҶИ печида будани сиёсати арзӣ, таваррум ва мизони молиётро монеаҳои аслии рушди тиҷорат дар Тоҷикистон медонанд.

Чунончи, Ярослав Лисоволик, иқтисоддони аршади Бонки рушди Уросиё идомаи бесуботӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистонро яке аз омилҳои фирори сармоягузорони хориҷӣ аз Тоҷикистон мешуморад.

Вай муътақид аст, ки ба иллати ошуфтагӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон, дурнамои ҷазби сармояи хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар равшан нест.

Аз ин рӯ, муҳимтарин монеаи рушди тиҷорат дар Тоҷикистон набуди субот дар бозори муомилоти арзии ин кишвар аст ва таъсири таваррум ва мизони болои молиёт барои бахши хусусӣ дар ин ҷумҳурӣ дар муқоиса бо омили нахуст ба маротиб камтар аст.

Ҳарчанд, ки ба гуфтаи коршиносон дар Тоҷикистон фаъолияти бахши хусусӣ дар иқтисоду тиҷорат бо монеаҳову маҳдудиятҳои мухталифе рӯбарӯ аст, ки ниёз ба ислоҳоти асосӣ ва бунёдин дорад.

Мавзуъ

Вазири рушди иқтисод: Тоҷикистон кӯшиш дорад сатҳи бенавоиро коҳиш диҳад
Тоҷикистон мубориза бо фасоди иқтисодиву ришвахориро ташдид мекунад
Иқтисоду тиҷорат: мулоқоти дипломатҳои тоҷик бо намояндагони Куриё

Мавзӯъҳои асосӣ