Тоҷикистон ва Узбакистон Шурои тиҷорӣ ташкил мекунанд

© uzexpocentreНа территории ташкентского "Узэкспоцентра"
На территории ташкентского Узэкспоцентра - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи баргузории нахустин намоишгоҳи колоҳои Тоҷикистон ва ҳамоиши бозаргонону коркушоёни тоҷику узбак дар Тошканд қарор шуда, ки Шурои бозаргонии Тоҷикистону Узбакистон бунёд шавад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Утоқҳои саноеъву бозаргонии Тоҷикистону Узбакистон дар ҳошияи ҳамоиши бозаргонону коркушоёни тоҷику узбак қарордоди бунёди Шурои бозаргониро имзо карданд.

"11 октябр дар чорчӯби нахустин намоишгоҳи колоҳои Тоҷикистон ва бо пуштибонии ҳукумати Ҷумҳурии Узбакистон ҳамоиши бозаргонону коркушоёни Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд, ки ҳадаф аз он густаришу афзоиши ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар буд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи УСБ ҶТ.

Дар ин ҳамоиш муовини вазири бозаргонии Узбакистон Соҳиб Саидназаров, раиси Кумитаи умури сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Утоқи бозаргониву саноеъи ҶТ Шариф Саид ва дигар масъулин ширкат карданд.

Бизнес форум Таджикистан-Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба Узбакистон пешниҳод дода, ки колоҳояшонро бо як бренд бифурӯшанд

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин ширкати узбакистонии «Квартс» бо корхонаи консерваҳои тарабору меваии шаҳри Исфара қарордоди хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баста ва ширкати тоҷикии «Ғаюр» бо ширкати узбакии NOVA барои хариду фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, ширкатҳои «Элегант» ва «Навинтеркомлюкс» ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо кардаанд. Ҳамчунин ширкатҳои «Кедр» ва UZRADE созишномаву қарордодҳои ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Дар маҷмуъ дар ин ҳамоиш беш аз 20 қарордод ва 6 ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба маблағи 20 милюн дулор ба имзо расидааст.

Лентаи хабарҳо
0