10:36 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Достопримечательности Республики Узбекистан

Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамкорӣ дар заминаи гардишгариро густариш медиҳанд

© Flickr/ Asian Development Bank
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Ширкатҳои гаштпардози Тоҷикистон ва Узбакистон ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон дар назар доранд номнамо ё брендҳои миллии гардишгарӣ падид оваранд ва гаштҳои фаромарзӣ дар масири Роҳи бузурги абрешимро ҳамроҳ дар бозорҳои ҷаҳонгардӣ муаррифӣ кунанд.

Ба гузориши Кумитаи давлатии гардишгарии Узбакистон, ёддошти ҳамкорӣ миёни ширкати узбакии "Маркази густариши гардишгарии миллӣ" ва ширкатҳои гаштпардози тоҷикии "Ориент Адвентур", "Скай Тур" ва "Роҳат Тур" имзо шудааст.

Ин бунгоҳҳои гаштпардоз (туроператор) қарор додаанд, ки аз ибтикороти якдигар дар заминаи шиносоӣ, пешбурд ва огаҳирасонӣ аз хадамоти гардишгарӣ, мубодилаи донистаниҳо дар бораи диданиҳои гардишгарии ду кишвар ҳамкорӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон. Раисҷумҳури Тоҷикистон
Официальный сайт президента Таджикистана

Ҳамчунин қарор шуда, ки гаштпардозҳои тоҷику узбак гаштҳои фаромарзӣ дар масири Роҳи бузурги абрешимро, ки аз қаламравҳои Тоҷикистону Узбакистон мегузаранд, ҳамроҳ дар бозорҳои ҷаҳонгардӣ муаррифӣ кунанд.

Дар ин росто ҷолиб аст, ки ширкати мусофирбарии ҳавоои "Сомон Эйр" чанде пеш гувоҳиномаи узвият дар IATA — Анҷумани байналмилалии таробарии ҳавоиро дарёфт кард.

Маросими дарёфти ин гувоҳинома 11 октябр дар Душанбе бо ширкати намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, ширкатҳои хориҷии мустақар дар пойтахти кишвар баргузор шуд.

Аз пайвастан ба IATA "Сомон Эйр" ин имтиёзҳоро дарёфт мекунад, ки аз ин пас метавонад бо ширкатҳои бузурги ҷаҳон қарордоди мусофирбарии миёнхаттӣ (interline agreement) ва қарордоди намоди муштарак (Codeshare agreement) имзо кунад.

Яке аз раҳбарони ширкати "Сомон Эйр" — Суҳроб Ҷӯраев дар ин бора ба Sputnik гуфт, "узвият дар IATA барои мусофирон осонии сабти ному бор ва хариди билет аз ҳар узви ин Анҷуман барои парвоз ба ҳар гӯшаву канори ҷаҳонро имконпазир мегардонад".

"Ширкат низ аз узвият дар IATA ин имтиёзро ба даст меорад, ки обрӯяш дар миёни ширкатҳои мусофирбарӣ бештар ва ба табъ имкони ҳамкорӣ дар мусофирбарии миёнхаттӣ ва ҳамнамодӣ барояш афзоиш меёбад", — афзуд вай.

Анҷумани байналмилалии таробарии ҳавоӣ (IATA) соли 1945 бунёдгузорӣ шуда ва ҳамакнун 260 ширкати ҳавопаймоиро дар бар мегирад ва 83 дарсад аз таробарии ҳавоии ҷаҳониро дар даст дорад.      

Мавзуъ

Тағйироти кадрӣ: аз барканорӣ дар Кумитаи варзиш то таъйинот дар Кумитаи гардишгарӣ
Тиҷорат ва гардишгарӣ: дидори Рустам Эмомалӣ бо ҳайъати Узбакистон
Тоҷикистон ба сегонаи машҳуртарин маконҳои гардишгарӣ дар ИДМ ворид шуд
Имтиёзҳои Эмомалӣ Раҳмон барои ширкатҳои гардишгарӣ
Алишер Усмонов дар Бухоро минтақаи гардишгарӣ месозад
Сафири Бритониё: Ландан Тоҷикистонро яке аз беҳтарин кишварҳо барои гардишгарӣ мешуморад
Барчаспҳо:
туроператор, гаштпардоз, гардишгарӣ, ёддошти ҳамкорӣ, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ