01:54 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев на встрече со специалистами сферы здравоохранения

Узбакистон хостори бунёди форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд

© Пресс-служба президента Узбекистана
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
5320

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бар ин бовар аст, ки бунёди форуми иқтисодӣ гоми амалӣ дар роҳи густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Бунёди форуми иқтисодии минтақаӣ имкон хоҳад дод, ки корёрӣ фаъолтар ва потенсиали ҳамкории коркушоёну корофаринон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёбад, гуфт кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев.  

Имрӯз дар Самарқанд ҳамоиши байналмилалии масоили таъмини амният дар Осиёи Марказӣ оғоз ба кор кард. Ин ҳамоиши дурӯзаро Вазорати умури хориҷии Узбакистон, Бунгоҳи диплумосии пешгиронаи СММ барои Осиёи Марказӣ ва Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурми СММ дар Осиёи Марказӣ барпо кардаанд.

"Бунёди форуми минтақаии иқтисодӣ гоми амалӣ дар роҳи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ ва рушди корёрӣ хоҳад буд. Манзур аз ин форум падид овардани майдоне барои гуфтугӯи мустақим миёни гурӯҳҳои бозаргониву коркушоёну корофаринони кишварҳои минтақа аст", — гуфт Мирзиёев дар ин ҳамоиш.

Раисҷумҳури Узбакистон ёдоварӣ кард, ки дидорҳои намояндагони бизнес ва ширкатҳои бузурги кишварҳои минтақа имкон додаанд, ки пайвандҳои иқтисодӣ ва ҳаҷми гардиши коло миёнашон устувортар ва бештар шавад.

Вай намуна овард, ки аз оғози соли 2017 то кунун гардиши коло миёни Узбакистон ва кишварҳои минтақа ба ҳисоби миёна 20 дарсад ва бо бархе аз онҳо камобеш 70 дарсад афзудааст.

Ӯ ҳамчунин бар аҳамияти ҳамкорӣ миёни вилояту шаҳрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кард ва бунёди анҷумани раҳбарони вилоятӣ ва бизнес-гурӯҳҳои кишварҳои минтақаро пешниҳод дод.

Раисҷумҳури Узбакистон ҳамчунин аз гомҳои амалии кишварҳои ОМ дар густариши потенсиали таробарии минтақа ёдовар шуд. Чунончи, вай роҳандозии пудҳои нави қаторгузар ва худравгузар дар Туркманистон, тавофуқи ҳосилшуда барои сохтмони роҳи оҳани Узбакистон-Қирғизистон-Чин ва баргузории роҳпаймоӣ бо худравҳо дар ин масир дар моҳи ноябрро намуна овард.

"Бовармандам, ки ин созукорҳо потенсиали санъатӣ, сармоягузорӣ ва зеҳниву илмии минтақаро мустақиман ба кор хоҳанд андохт ва рушди пойдори ҳама кишварҳои Осиёи Марказиро таъмин хоҳанд кард", — афзуд Мирзиёев.

Дар ин ҳамоиш беш аз 500 кас, аз он ҷумла, вазирони умури хориҷии кишварҳои ОМ ва ҳайъатҳои расмии баландпояи бархе аз кишварҳои Иттиҳодияи давлатҳои ҳамсуд, УрупоЮ Осиё, Амрико, коршиносони умури байналмилалӣ, намояндагиҳои сиёсиву диаломатии ҷойдошта дар Узбакист ва расонаҳои узбакӣ ва хориҷӣ ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов намояндагӣ мекунад.

Мавзуъ

Шавкат Мирзиёев бо Қоҳир Расулзода дар чи бора суҳбат кард?
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон боздид мекунад
Эрдуғон барои Мирзиёев шеъри узбакӣ хонд
Шавкат Мирзиёев: омодаем равобит бо Тоҷикистонро дар ҳама заминаҳо густариш диҳем
Ҳамдардии Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон
Барчаспҳо:
ҳамоиши таъмини амнияту рушди пойдор дар Осиёи Марказӣ, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон-Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ