20:00 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Презентация нового председателя СЭЗ

Мудири нави МОИ "Ишкошим" бо раиси ВМКБ дидор кард

© Фото: Пресс служба ГБАО
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Муовини вазири рушди иқтисоду бозаргонии ҶТ мудири нави Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим"-ро ба раёсати вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед имрӯз бо муовини вазири рушди иқтисоду бозаргонии ҶТ Тоҷиддин Ҷӯразода ва мудири нави МОИ «Ишкошим» Сураҷ Тоҳирҷонзода дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба иттилоъи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, дар ин дидор Тоҷиддин Ҷӯразода Сураҷ Тоҳирҷонзодаро, ки 13 ноябр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати мудири МОИ "Ишкошим" мансуб шуда буд, ба раҳбарии ВМКБ муаррифӣ намуд.

Муовини вазири рушди иқтисоду бозаргонӣ таъкид карда, ки Сураҷ Тоҳирҷонзодаро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун коршиносии ҷавону ояндадор, ки метавонад дар рушди кишвар саҳми арзанда гузорад, ба ин симат таъйин кардааст.

Вай ёдоварӣ карда, ки МОИ "Ишкошим" бо ҳадафи ояндабинӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кӯҳистон буёнд шуда ва пешрафти он яке аз самтҳои бартари иқтисодӣ кишвар дониста шудааст.

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед аз он хушнудӣ карда, ки дар баробари дигар вилоятҳо дар Кӯҳистони Бадахшон низ минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд шуда, ки "гувоҳ бар аз таваҷҷуҳи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минтақаҳои дурдасти кишвар аст".

Вай таъкид кард, ки ҳукумати ВМКБ дар ҳамкорӣ бо мудирияти МОИ "Ишкошим" ҳама кӯшишу талошашонро хоҳанд кард то ин минтақа пойгоҳу заминае барои рушди ҳама риштаҳои иқтисоди вилоят шавад.

Мавзуъ

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои КДАМ ва Вазорати дифоъ дар Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон
Кӯмак ба хонаводаҳои камбизоат бо ҳокимияти Суғду Бадахшону Хатлон баррасӣ шуд
Аз ҷоизаҳои пулӣ то дараҷаҳои навбатӣ: баргузории Рӯзи милиса дар Суғду Бадахшон
Ишқи ноком: далели худкушии сарбози бадахшонӣ дар Кӯлоб ошкор шуд
Номаи вазири корҳои дохила ба милисаҳои Бадахшон
Муҳоҷирони бадахшониро ба осоишгоҳи Гармчашма бурданд
Чипси бадахшонӣ: соҳибкоре дар Хоруғ коргоҳи истеҳсолӣ бунёд кард
Барчаспҳо:
Ишкошим, МОИ "Ишкошим", Сураҷ Тоҳирҷонзода, Тоҷиддин Ҷӯразода, Шодихон Ҷамшед, Тоҷикистон-ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ