21:51 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО

Тоҷикистон як корхонаи нави алюминий ба андозаи ТАЛКО месозад

© Фото: Посольство России в Таджикистане
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
182 0 0

Сохтусози ин корхона, ки 1,6 милёрд дулор арзиш дорад, дар соли 2018 оғоз мешавад ва қарор аст дар яку ним сол сохта шавад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. "Ширкати алюминии тоҷик" (ТАЛКО) дар соли 2018 сохтусози корхонаи нави алюминийро оғоз мекунад, гуфт раҳбари дафтари иттилоърасонии ТАЛКО Игор Сатторов.

Ин корхонаро ширкати чинии "Yunnan" хоҳад сохт. Тавофуқ дар ин бора дар раванди охирин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ҳосил шуда буд.

Игор Сатторов афзуд, ки ширкати чинӣ то кунун баррасиҳои имконсанҷии иқтисодии ин тарҳро анҷом дода ва акнун онро таҳия ва такмил мекунад.

Сохтусози ин корхона, ки 1,6 милёрд дулор арзиш дорад, дар соли 2018 оғоз мешавад ва қарор аст дар яку ним сол сохта шавад. Тавони тавлидии корхонаи нав 503 ҳазор тон алюминии хом дар сол дар назар гирифта шудааст. Ин корхона ҳамчунин коргоҳи рехтагарӣ барои тавлиди 800 ҳазор тон фароварда дар сол ва коргоҳи анодӣ барои тавлиди 300 ҳазор тон фароварда низ хоҳад дошт.

Сатторов ёдоварӣ кард, ки чунин корхона, ки дар онҳо навтарин дастовардҳои фанноварии тавлиди алюминий ба кор гирифта шуда бошанд, дар саросари ҷаҳон танҳо сето аст, ки ҳама дар Чин сохта шудаанд.

Бо роҳандозии корхонаи нави алюминий барои 1100 кас кор офарида хоҳад шуд, ки музди корашон ҳам боло хоҳад буд.

Мавзуъ

Вазири саноат: ТАЛКО мушкилот дорад ва онро бояд ҳал кард
ТАЛКО: тавлиди алюминий дар соли равон 15% афзоиш ёфт
ТАЛКО тавлиди алюминийро ду баробар зиёд мекунад
Барчаспҳо:
алюминий, ТАЛКО, Игор Сатторов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ